Ахбори рӯз

Наваскарони Кумита дар Шаҳринав ва Рашт савганд ёд карданд (ВИДЕО)

Дар қисмҳои ҳарбии КҲФ, ки дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Рашт мустақаранд, маросими савгандёдкунии наваскарон доир гардид. Наваскарони даъвати баҳорӣ савганди садоқат ёд карданд. Дар ин маросимҳо ҷонишини Раиси Кумита, полковник И.Иброҳимзода, намояндагони мақомоти маҳаллии давлатӣ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ, хешовандони сарбозон ва хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ ширкат намуданд.

Дастаи футболи Кумита бар дастаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ғолиб омад. Ҳисоб 3:2

Дастаи мунтахаби футболи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 27-уми майи соли ҷорӣ дар мусобиқаи “Футболи хурд”, ки миёни вазорату идораҳо мегузарад, бар тими Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби 3:2 ғолиб омад.

Ин бозиҳо бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон...

Се ҷои аввали шатранҷбозон ва шашкабозони Кумита

Рӯзи 28-уми майи соли равон дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишии шатранҷ ва шашка баргузор шуд.  Дар мусобиқаи мазкур 23-нафар аз воҳидҳои таркибӣ ва қисмҳои ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе  ширкат варзиданд.

Дар ин бозиҳо подполковник Мирмаҳмадзода Манучеҳр...

Имдодгарон дугоникҳои дусоларо наҷот доданд

Кормандони наҷоти воҳиди вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душаннбе дари бастаеро боз карданд, ки дар он дугоникҳои дусола танҳо монда буданд.

Як сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қисми навбатдорӣ занг зад ва хабар дод, ки дар бинои баландошёна воқеъ дар кӯчаи Навоии пойтахт зани ҷавон наметавонад вориди хонааш шавад...

Номаи сипос. Таассуроти як ширкаткунандаи давраи омӯзишӣ аз ҷараёни омӯзиш

Дар асоси мактуби №45/1-669 аз 18 май соли 2021-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба курси омӯзишӣ доир ба самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии КҲФ рӯзҳои 27.05 то 28.05.2021 гузаронида мешуд, бо пешниҳоди Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нуриддин Саид, эъзом шудам.

Страницы