Тамринҳо дар масъалаҳои кадрӣ дар Маркази омӯзишии КҲФ

Дар Маркази таълими методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ширкати кормандони салоҳиятдори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии КҲФ, Раёсати КҲФ дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе, навоҳии минтақаи Кӯлоб, Раёсати масъалаҳои кӯли Сарез, Раёсати моддӣ техникӣ ва таъминоти техникӣ, Раёсати махсусгардонидашудаи хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷот ва Хадамоти зидди жола давраи омӯзишӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ин машғулиятҳо кормандони Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шасхии КҲФ бо кормандони бахши кадрҳо сохторҳои номбурда дар мавзӯҳои талаботи қонунӣ дар бораи хидмати ихтиёрии ҳарбӣ, талаботои қонунии рутбаҳои ҳарбӣ, дарёфти рутбаҳои навбатӣ ва ғайриавбатии ҳарбӣ ба хидматчии ҳарбӣ, омода намудани пешниҳод барои соҳиб шудан ба вазифаи баланд, аз кор ҷавоб додан ва эътои рутбаҳои ҳарбӣ, кор бо дафтарчаҳои меҳнатӣ ва парвандаи шахсӣ, тартиби додани ҷазои интизомӣ, низоми ироаи ҷойи кори холӣ, технилогияи навиштани фармонҳо ва дигар талаботҳо дар кори кадрҳо машғулиятҳо гузарониданд.

Баъдан мутахассисони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои тартиби гузаронидани озмунҳо барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар хидмати давлатӣ суҳбатҳо гузарониданд. Дар бораи раванди арзёбии фаъолияти хизматчии давлатӣ, гузаронидани ротатсия миёни ҳайати роҳбарии хидмати давлатӣ ва тартиби тартиб додани ҳисоботи омории “Ҳисобот дар бораи шумора ва сифати хизматчиёни давлатӣ” (семоҳа, нимсола ва солона) нақл карданд.

Дар поёни тамринҳо ба ширкаткунандагон китоби “Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ”, ки Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода кардааст, тақдим карда шуд. 

барчасп: