Дар яке аз каналҳои шаҳри Душанбе мардеро мурда ёфтанд ва имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасади ӯро аз миёни об берун оварданд.
Ин ҳодиса 22-уми ноябри соли равон рух дод. Навбатдори фаврии Шуъбаи корҳои дохилиии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба Қисми навбатдории КҲФ занг зад ва хабар дод, ки дар канали Ҳазораи шаҳр, ки аз қаламрави бозори “Меҳргон” убур мекунад, ҷасади марди ношиносе намудор шудааст.
Ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд. Онҳо ҷасади ин мардро, ки тахминан 40-45 сола мебошад, аз об берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Ҳуввияти марди ғарқшуда ва сабаби марги ӯ таҳқиқ мешавад.