Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Шаҳринав хабар дод, ки 20 ноябри соли ҷорӣ дар селпартои деҳаи Аҷам ва канали Запатный Веткаи болои деҳаи Муллошодии ҷамоати деҳоти ба номи А. Ҳасанов барои тоза намудани каналу селпарто як адад Экскватор, як адад Камаз ва зиёда аз 150 нафар сокинони деҳаҳои Дустӣ ва Аҷам сафарбар шуданд.
Бино ба гузориш то имрӯз қисмати бештари ин мавзеъ аз сангу хоку шағал ва ҳар гуна селовардаҳои дигар пок шуд.
Ҳадаф аз роҳандозии ин корҳо пешгирӣ аз хатари селҳост.
Расмҳо аз ҷараёни кор дар ин мавзеъҳо ҳикоят мекунанд.