Хабарҳои рӯзи гузашта. Сел дар Умарак. Боз кардани дари баста дар пойтахт

19 ноябри соли 2022 соати 04:50 дақиқа боронҳои пуршиддат сабабгори омадани сел дар минтақаи деҳаи Умарки роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз шуд. Барои бартараф кардани паёмадҳои сел ва ба роҳ мондани ҳаракати мошинҳо техника ва кормандони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ҷалб карда шуданд. Соати 05:58 дақиқа роҳ аз ҳар гуна селовардаҳо тоза карда шуд ва ҳаракати мошинҳо ба ду самт аз сар гирифта шуд.

Ёдвар мешавем, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар то 21-уми ноябри соли равон дар қаламраврави Тоҷикистон ҳавои номусоид боқӣ мемонад, боронҳо идома мекунанд. Эҳтимоли боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо, резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ, омадани селу лағзиши тарм авуярч зиёд аст.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи аҳолии кишвар ва меҳмонон мерасонад, ки дар чунин рӯзҳои пурбориш рафтан ба соҳили рӯдхонаҳо барои моҳидорӣ, ба доманакӯҳҳо барои ғунучини ҳезум ва шикоргоҳ ба қасди шикор маслиҳат нест. Чорвочаронӣ дар минтақаҳои пурбориш дар ин гуна рӯзҳои хатарҳои зиёд дорад. 

Кумита аз шаҳрвандони хоҳиш мекунад барои таъмини амнияту бехатарии худ чораҳо андешанд. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро ҷиддан риоя намоянд. 

КҲФ аз сокинон хоҳиш мекунад сари вақт ҷӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо ва сангу шағал тоза кунанд, то сабаби ворид шудани сел ба хонаҳо нашавад. 

 Ҳамчунин шабонарӯзи гузашта кормандони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе дареро боз карданд ва кӯдаки танҳоро беосеб ба волидонаш супурданд.

Ин ҳодиса бегоҳии дирӯз, 18-уми октябр рух дод. Як сокини кӯчаи ба номи Неъмат Қарабоеви пойтахт, хонаи 80/2 ба қисми набатдории Кумита занг зад ва хабар дод, ки дари оҳании манзилаш аз дарун баста шудаву ворид шуда наметавонад ва дар хона писарчаи 9-солааш танҳост.

Навбатдорони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанба ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо истифода аз таҷҳизоти махсус дарро боз карданд. Кӯдак ба ёрии тиббӣ ниёз надошт.

Наҷотдиҳандагон ҳамзамон бо волидони ӯ дар бораи хатарҳои кӯддаки танҳо дар хона суҳбат карданд.

барчасп: