Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Хатари омадани сел ва резиши санг боқӣ мемонад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 4-5-уми ноябри соли 2022 дар қаламрави ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвзи ВМКБ боронҳои шадид дар назар дошта шудааст. Ин боронҳо дар баъзе ҳолатҳо ба барфи тар табдил мешаванд.

Рӯзҳои 3-5-уми ноябр боронҳои шадид метавонанд сабаби омадани селҳо, резиши санг дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, ҳамчунин қаламрави ноҳияи Дарвози ВМКБ шаванд. 

Ҳамчунин дар ин рӯзҳо эҳтимоли баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу ва дарёҳое, ки дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, гардад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро бо роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд кунанд, рафтан ба саҳрову доманакӯҳҳо барои чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, анҷоми корҳои кишоварзӣ, шикор, моҳидорӣ  маслиҳат нест. 

Кумита ҳамчунин аз ронандагон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҳама қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. 

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад барои пешгирӣ аз вуруди сел ба ҳавливу киштзорҳо  сари вақт селроҳаҳо ва ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд.

барчасп: