Ахбори рӯз

Заминларза дар қаламрави ноҳияи Тоҷикобод

Субҳи имрӯз соати 09:11 дақиқ бо вақти Душанбе дар қаламрави кишвар зилзила ба қайд гирифта шуд.  Маркази ин заминларза 192 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 18 км ҷануби Тоҷикобод буд.

Қувваи заминларза дар маркази он 3 балл, дар маркази ноҳияи Тоҷикобод 2 баллро ташкил дод.
Аз талафоти ҷониву зарарҳои дигар гузориш нарасидааст.

COVID-19: Интиқоди Ҷо Байден аз ҳукумати Чин: “Иттилои муҳим” дар бораи маншаии коронавирусро пинҳон мекунад

Президенти ИМА Ҷо Байден аз ҳукумати Чин дар мавриди пинҳон кардани “иттилои муҳим” дар бораи маншаии коронавирус интиқод кардааст. Ҷо Байден баъди шунидани маърӯзаи Идораи иттилооти миллии Амрико, ки ба сунъӣ будани насаби  SARS-CoV-2 шубҳа мекард, суханронӣ намудааст. Ин гузориш бо дастури Президенти ИМА Ҷо Байден таҳия шуда ва тайид мекунад, ки нахусти сирояти инсони ба COVID-19

Боз кардани се дари баста дар шаҳри Душанбе

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ ба қайд гирифта нашуданд. Вале кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шабонарӯз омодаи ҳар гуна кумаку ёрӣ ба шаҳрвандонанд, вазифаву уҳдадориҳои худро дар мавриди наҷот ва расонидани кумак ба сокинон иҷро карданд.

Мулоқоти Раиси КҲФ бо Консули Исроил

Бо мақсади рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудоифаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита генерал-полковник Рустам Назарзода бо ҷонишини ҳайат ва Консули Сафорати Исроил дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаноби Идан Давид баргузор шуд.

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ дар Қасри миллат

25 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ супориданд.

Страницы