Роҳбандии селҳо дар гӯшаву канори кишвар, пайдо шудани ҷасади писари 17-солае, ки рӯзи 1 ноябр ба дарё сарозер шуда буд
2 ноябри соли 2022 соати 11:00 дақиқа баъди борони давомдор сатҳи оби сой дар қаламрави деҳаи Назирободи ҷамоати деҳоти Симиганҷ боло рафт. Оби беруншуда аз соҳил боиси пур шудани роҳ аз сангу шағалу лойқа шуд ва монеъи ҳаракати нақлиёт дар роҳи Ваҳдат-Ромит гашт.
Барои тоза кардани роҳ техникаи вазорати нақлиёт ҷалб шуд ва ҳоло ҳаракати мошинҳо аз ду самт имконпазир шудааст.
2 ноябри соли ҷорӣ тахминан соати 14:30 бар асари боронҳои пуршиддат дар километри 447 деҳаи Хехики ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ сел омал ва роҳи Душанбе-Хоруғ барои ҳаракати мошинҳои калони боркаш баста шуд.
Бароои бартараф кардани ҳолати баамаломада техникаи муҳандисии ноҳияи Ванҷ сафарбар шуд ва соати 18:45 дақиқа роҳ боз шуд ва ҳоло ҳаракати мошинҳо ба ду самт ба роҳ монда шудааст.
2 ноябри соли 2022 тахминан соати 14:35 борони пуршиддат ва барф боиси резиши санг дар роҳи Душанбе-Хоруғ, дар қаламрави деҳаи Бунии ҷамоати деҳоти ба номи Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон шуд. Дар натиҷа роҳ муддате баста шуд. Бо истифода аз як техникаи муҳандисӣ соати 15:53 дақиқа роҳ пурра тоза ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд. Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисорати дигар надошт.
Тавре хабар дода будем 1 ноябри соли равон як сокини 17 солаи шаҳри Панҷекати вилояти Суғд ҳангоми ҷамъоварии ҳезур ба дарё сарозер шуда буд. Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ то кунун идома дошт ва рӯзи 2-уми ноябр ҷасад дар ҳудуди деҳаи Ёрӣ пайдо ва ба волидонаш супурда шуд.