Сафари кории Раиси Кумитаи ҳалатҳои фавқулодда ба Аморати Муттаҳидаи Араб поён ёфт

Дар доираи Ёддошти тафоҳуми имзошуда миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ, ҳамчунин бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳолатҳои фавқулода Раиси КҲФ, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба Аморати Муттаҳидаи Араб сафари корӣ анҷом дод.

Номаи сипоси генерал Назарзода ба мақомоти қазоқ ҷиҳати кумаки бедареғашон дар наҷоти 57 шаҳрванди Тоҷикистон

Генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба кумаки хадамоти наҷоти Департаменти ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Акмолини Қазоқистон, ки 57 шаҳрванди кишварро аз хатар ва мусибати эҳтимолӣ наҷот дода буданд, бо ирсоли номаи сипос вокуниш нишон дод.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант

Наҷоти 57 мусофири як автобус аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Акмолини Қазоқистон

Бино ба хабари журналисти маъруфи тоҷики муқими Олмотӣ Саломиддин Мирзораҳматов бо талоши хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон 57 тан шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Суғд озими Русия буданд ва бар асари шикастани мошин зери хатар монданд, аз сардии ҳудудан 50 дараҷа наҷот дода шуданд. Агар кумаки саривақтӣ намерасид, эҳтимоли мусибатҳо миёни мусофирони тоҷик вуҷуд

Самтҳои асосии Паёми Пешвои миллат дар Суғд мавриди омӯзиш қарор гирифт

Ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мулоқот бо намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократӣ дар ин вилоят самтҳои асосии Паёми Пешвои миллатро омӯхтанд.

Роҳандозии тамринҳои тактикӣ дар минтақаи Рашт

Наҷотбахшони воҳидҳои вокуниши сареъи Ситоди минтақаи Рашт дарси татктикии махсус оид ба коркарди амалҳо ҳангоми рӯйдодҳои имконпазир дар мавсими зимистон, аз ҷумла дар минтақаҳои хатарноки куҳиро баргузор карданд.

Ҳадафи ин тамринҳо такмили малакаҳои кормандони бахши наҷот дар гузаронидани корҳои ҷустуҷӯиву наҷот дар минтақаҳои куҳӣ ва коркарди амалҳои ҳамоҳангшуда ва хадамоти вокуниши фаврии системаи давлатии ҳифозати гражданӣ мебошад. 

Страницы