Дар як садамаи маргбори кишвари Краснодари Русия 5 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд

6 декабри соли 2018 дар километри 9-уми роҳи мошингарди  Усть-Лабинск –Лабинск – Упорная кишвари Краснодар бар асари бархӯрди мошини ВАЗ 2114 ва мошини Ёрии таъҷилӣ 6 нафар ба ҳалокат расиданд, ки 5 нафари онҳо шарҳвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Ду тани онҳо бачаҳои аз 4 то 8-сола ва се хонуми  68, 33 ва 22 – сола.

Дар садамаи маргбор 4 нафари дигар захмӣ шуданд, аз онҳо як нафар шаҳрванди 11-солаи Тоҷикистон  будааст. Ҳамаи онҳо дар айни замон дар бемористон бистарӣ шудаанд. 

Дар хабар гуфта мешавад, ки гӯё ронандаи мошини сабукрав аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва ба хати ҳаракати муқобил баромад, дар натиҷа ба мошини Ёрии таъҷилӣ бархӯрд. 

Дар айни замон дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи тафтишотӣ-фаврӣ ва кормадони хадамоти роҳ ба тафтиши қазия идома медиҳанд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонаводаҳои қурбониёни ин садамаи марговар изҳори тасаллияту ҳамдардӣ мекунад.

барчасп: