8 декабри соли 2018 дар Маркази таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани шаҳодатномаҳо ба кормандони КҲФ, ки дар давраи омӯзишии “Чорабиниҳои эвакуатсионӣ дар минтақаҳои аз фалокат зери обмонда дар ҳолати рахнашавии иншоотҳои гидротехникӣ” ширкат карда буданд, баргузор шуд. Ин давраи омӯзишӣбо дастгирии созмони байналмилалии “Оксфам” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби омӯзгори Академияи мудофиаи граждании ВҲФ Русия полковник Виталий Симонов гузаронида шуд.
Дар як муддати басо кутоҳ малакаҳои қабули қарори саривақтӣ ва тақсими дурусти воситаҳо ва нерӯҳо барои бартараф намудани ҳолатҳои эҳтимолии фавқулодда дар замони осоишта ва ҷангӣ баланд бардошта шуданд.
Дар маросими супурдани шаҳодатномаҳои хатми давраи омӯзишӣ муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Ҷ.Маҳмадзода ширкат намуд ва бо изҳори ташаккуру сипос аз омӯзгор иброз дошт, ки дарси омӯхташуда ва малакаҳои ҳосилгардида дар ҷараёни анҷоми вазифаҳои хидматӣ ба кор хоҳанд рафт.
Маврид ба ёдоварист, ки ин давраи омӯзишӣ бо мақсади татбиқи Созишномаи сеҷониба миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии офатҳои табиии Федератсияи Русия ва Ташкилоти байналмилалии мудофиаи гражданӣ оид ба расонидани кумакҳои методӣ, ҳамчунин барои баланд бардоштани малакаҳо ва донишҳои кормандони Кумита 3-уми декабри соли равон дар маркази омӯзишӣ-методии КҲФ оғоз шуда буд.
Ин давраҳои омӯзишӣ аз рӯи мавзуъҳои зерин гузашт: таснифи ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ва оқибатҳои эҳтимолии ба вуҷуд омадани онҳо, сохторҳои ташкилии Низоми ягонаи давлатии огоҳсозӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда, асосҳои ҳуқуқи башарии байналмилалӣ, ташкили кӯчонидани аҳолӣ, арзишҳои моддиву фарҳангӣ ба ноҳияҳои бехатар, усулҳои хабар расонидан, иттилоъ додан, ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддае, ки бар асари обхезӣ ба вуҷуд омадааст, пешбинии ҳолат дар минтақаҳи зериобмонда ҳангоми рахна шудани иншоотҳои гидротехникӣ ва ғайра.