Одамони дорои имкониятҳои маҳдудро дар ҳолатҳои фавқулодда чӣ гуна бояд наҷот дод?

Мардону занон ва бачаҳое, ки маъюбанд ва имкониятҳояшон дар зиндагӣ маҳдуд шуда, дар ҳоли офатҳои табииву ҳолатҳои фавқулодда ба ёрии бештару таваҷҷӯҳи хос ниёз доранд. Онҳо на мисли солимонанд, ки бе ёрии дигарон барои наҷоти худ кӯшанд. Аз ин рӯ боистӣ, ки воҳидҳои наҷот дар ҳолатҳои фавқулода бештар мутаваҷҷеҳи ин афрод бошанд ва ба кумаки онҳо сари вақт шитобанд. Ҳамин буд ҳадафи аслии тамрине, ки ахиран дар ВМКБ гузашт.

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон тамрин барои кормандони воҳиди наҷот ва вокуниши сареъ баргузор гардид. Мавзуъи ин тамрин “Роҳандозии корҳои садамавиву наҷот дар минтақаҳои ҳолатҳои фавқулодда бо одамони дорои имкониятҳои маҳдуд” буд.

Машқҳо бо мақсади татбиқи қарорҳои қабулшуда дар ҷаласаи гурӯҳи РЕАКТ, ки моҳи октябри соли 2018 баргузор шуда буд, гузаштанд. Он аз ҷониби мутахассисони созмони байналмилалии “Миссияи Шарқ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. 

 Дар ҷараёни тамринҳо наҷотдиҳандагон малакаҳои худро дар кумак ба афроди дорои имкониятҳои маҳдуд ва наҷоти онҳо дар ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиӣ ҳам назариявӣ ва ҳам амалӣ баланд бардоштанд.

Онҳо ҳамзамон расонидани кумакҳои аввал ва ёриҳои тиббиро дар ҳолатҳои фавқулодда тамрин карданд.

 

барчасп: