Роҳҳое, ки бар асари тарма ва болоравии сатҳи оби рӯдхона баста шуда буданд, дубора боз шуданд

Тарма сабабгори масдуд шудани роҳ дар километри 72-уми роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ шуд. Болоравии сатҳи оби рӯдхона муддате ҳаракат дар роҳи Душанбе-Рашт-Лахш-Қирғизистонро ҳам қатъ кард. Ҳоло ҳаракати мошинҳо дар ин минтақаҳо аз сар гирифта шудааст, аммо хатари лағзиши тарма, омадани селу ярч бартараф нашудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Барфи тару боронҳои селосо дар кишвар: Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Зарфи ду рӯзи даҳаи дуюми моҳи март дар кишвар ҳавои боронӣ дар назар дошта шудааст дар кӯҳҳо барфи тар ва дар водиҳо боронҳои селосо меборанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва

Имзои Созишномаи ҳамкориҳо дар самти мудофиаи гражданӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муоҳадаи байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳо дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда ба имзо расид. Ин аввалин созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар самти ҳолатҳои фавқулодда аст.

9 – уми марти соли 2018 баъди анҷоми мулоқоти расмӣ ва

Оғози давраи омӯзишии дигар оид ба такмили ихтисоси анборкунӣ

Бо мақсади татбиқи минбаъдаи Ёддошти тафоҳуми имзошуда миёни КҲФ ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ, ҳамчунин омӯзиши  анборкунӣ, хизматрасонии техникӣ, назорат, ҳисобу китоб ва таҳвили  захираҳо ҳангоми ба миён омадани ҳолатҳои фавқулодда дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ барои такмили ихтисоси кормандоне, ки дар самти таъминоти ғизоӣ, моддӣ-техникӣ ва нақлиётӣ фаъолият мекунанд, оғоз шуд.

Анҷоми як давраи омӯзишӣ барои мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба таҳкими робитаҳо бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх таъкид кард. Рустам Назарзода, ки дар маросими эътои шаҳодатномаҳои хатми як давраи омӯзишӣ барои мутахассисони КҲФ суханронӣ мекард, ин омӯзишҳоро муфид ва пурмӯҳтаво хонд.

Страницы