Зилзила дар вилояти Кирмоншоҳи Эрон ба маҷрӯҳ шудани дастикам 75 нафар анҷомид. Бино ба гузориши ВВС ин заминларза дар Гелонғарб ба вуҷуъ пайвастааст ва тибқи хабари Созмони заминшиносии Амрико бузургии он 5,6 балл будааст. Аммо маркази зилзиланигории кишварии Эрон, ки марбут ба Донишгоҳи Теҳрон аст, қувваи ин заминларзаро 5,9 балл эълон крадааст.
Мақомоти давлатӣ рӯзи душанбе таҳсил дар ҳамаи мактабҳои оливу миёнаи ин минтақаро қатъ намуданд.
ИРНА-хабаргузории давлатии Эрон гузориш додааст, ки кори баррасии хисорати ворида ба мактабҳо аз рӯзи душанбе оғоз гардид. Гуфта мешавад, ки ин зилзила оби ошомидании мардумро қатъ кардааст ва сокинони маҳалро ба мушкил рӯ ба рӯ наммудааст.
Зилзилаи ахир пасларзаҳое ҳам доштааст, ки яке аз онҳо 4,7 баллро ташкил додааст.
Вилояти Кирмоншоҳи Эрон соли гузашта низ дучори як заминларзаи шадид шуда буд. Такони замин бо қувваи 7,3 балл ҷони 620 нафарро рабуда буд. Бино ба гузориши созмони зилзиласанҷии Эрон аз он замон то кунун дар Кирмоншоҳ замин бештар аз шаш ҳазор маротиба такон хӯрдааст.