Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ соҳиби ду мошини нави «Нива» шуд

8 январи соли 2019 дар ҷараёни сафари кории худ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Назарзода Р. бо сарварони шуъбаҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятии Раёсати КҲФ дар ВМКБ ҷаласаи фаврӣ доир намуд.

Дар ин ҷаласа масъалаҳои омодагии қувваҳо ва воситаҳои Раёсати КҲФ дар ВМКБ ба давраи зимистон, роҳандозии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва омодагӣ ба мавсими баҳорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Худи ҳамон рӯз бахши Агентии Оғохон оид ба макони зист (АКАН) ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ ду мошини тамғаи “Нива” супурд. 

Ин мошинҳо барои шуъбаҳои КҲФ дар ноҳияҳои Шуғнон ва Мурғоб дода мешаванд ва ҳадаф аз ин беҳбуди вазъи техникии шуъбаҳои мазкур мебошад. Кӯмак дар доираи барномаи лоиҳаи  «ДИПЕКО-10» расонида шуд.

Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шарикони хориҷӣ барои ин гуна пуштибониҳо изҳори сипос намуд ва қайд кард, ки ҳамкориҳои КҲФ ва ҷомеаи байналмилалӣ қабл аз ҳама ба ёрии фаврӣ ба аҳолии зарардида равона шудааст.

барчасп: