Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд як соли фаъолияти худро ҷамъбаст кард

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд таҳти раисии сардори раёсат ва ширкати сардори шуъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Раиси вилояти Суғд Т.Тӯйчизода ҷаласаи ҷамъбастии кори воҳидҳои сохтории КҲФ дар соли 2018 баргузор шуд.

Полковник Б.Додиён – сардори Раёсати Кумита дар вилояти Суғд ҷаласаро ифтитоҳ кард ва дар бораи тамоилҳои калидии фаъолиятҳои Раёсат дар соли сипаришуда ҳарф зад. 

Дар ҷаласа ҳисоботи ҷонишинони сардори Раёсат ва дигар роҳбарони воҳидҳои раёсат шунида шуд. Дар ин суханрониҳо онҳо дар бораи корҳои анҷомшуда, шумораи ҳолатҳои фавқулоддаву офатҳои табиӣ дар вилоят гузашта, теъдоди зарардидагон ва наҷотёфтагон маълумот доданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа вазифаҳои асосии Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд дар соли 2019 муайян карда шуданд, ки аз инҳо иборатанд:

- ташкил ва баргузории чорабиниҳои пешгирикунанда бо мақсади коҳиши хатари офатҳои табиӣ, роҳ надодан ба ҳалокати одамон ва захмӣ шудани онҳо;

- омодагӣ ба 25-умин солгарди таъсиси КҲФ;

- татбиқи назорат аз болои иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва омодагиҳо ба обхезиҳои эҳтимолии аввалибаҳорӣ;

- баланд бардоштани сифати омодагиҳои касбии кормандони раёсат;

- роҳандозии корҳои табилиғотӣ ва дидору мулоқотҳо бо аҳолӣ ва сӯҳбатҳо атрофи пешгирии офатҳои табиӣ ва коҳиши хатари онҳо.

барчасп: