Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳамоиши Хиогои Ҷопон оид ба коҳиши хатари офатҳо ширкат дорад

Рустам Назарзода-Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати ширкат дар як ҳамоиши байналмилалӣ ба Ҷопон рафтааст, оид ба татбиқи амалии барномаҳои коҳиши хатари офатҳо дар Тоҷикистон суханронӣ кард. Вай Стратегияи Миллии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар таҳкими коҳиши хатари

Дарсҳои омӯзишии мудофиаи гражданӣ дар донишкадаи энергетика

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба мудофиаи гражданӣ дар донишкадаи энергетикаи Тоҷикистон, ки дар  ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон ҷойгир шудааст, кормандони Раёсати КҲФ ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон омӯзиш оид ба мудофиаи гражданӣ гузарониданд.

Тавсияҳои КҲФ: Дар ин ҳавои гардолуду пурчанг чӣ бояд кард?

Муддати чанд рӯзи охир ҳавои гардолуди то ҳадде тӯфонӣ кишварро фаро гирифтааст. Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии мамлакат хоҳиш мекунад дар чунин ҳолатҳо ҳангоми роҳандозии корҳои саҳроӣ эҳтиёт бошанд, дар минтақаҳои кӯҳӣ аз ғунучини ҳезум худдорӣ намоянд. Бештар аз ҳама ба одамони гирифтори бемориҳои дил, зиққи нафас ва фишорбаландӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир созанд.

Садамаи ҳавопаймоии индонезии Boeing 737 бо 189 мусофир

Ҳавопаймои мусофирбари  Boeing 737 мансуб ба ширкати ҳавонавардии  Lion Air баъди парвоз аз фурудгоҳи Ҷакартаи Индонезия дучори садама шуд. Дар ин бора Reuters истинодан ба хадамоти наҷоти Индонезия хабар дод. Тибқи иттилои пешакӣ ин ҳавопаймо бо 189 мусофир ба ҳаво хеста буд ва даҳ дақиқа пас аз парвоз аз назари радарҳо ғайб зад.
Бино ба гузориши нашрияи Straits Times ҳавопаймои Boeing

Ғолибони озмуни нигоштаҳои беҳтарин дар мавзуъи коҳиши хатари офатҳо эълон шуданд

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни журналистон барои инъикоси масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо, ки ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офот бахшида шуда буд, ҷамъбаст гардид. Ташкилкунандаи озмун КҲФ буда, он бо дастгирии Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ ва Хазинаи кӯдакони СММ - ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳандозӣ шуд.

Страницы