Ҳавои боронии рӯзи чоршанбе, 11-уми декабр

Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар кулли манотиқи кишвар ҳаво ҳавои боронӣ дар назар дошта шудааст. Ҳарчанд аз сардиҳои бештар иттило дода намешавад, вале дамои ҳаво назар ба рӯзҳои пеш фарқ мекунад. Дар баландкӯҳҳо ҷо-ҷо шабона барф ҳам меборад. 

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрист ва гоҳ – гоҳе борон

Савганди садоқати наваскарон дар қисмҳои ҳарбии Кумита воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Рашт

Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Рашт воқеъ мебошанд, наваскарон ба номи Ватан савганди садоқат ёд карданд.  Дар ин рӯзи хотирмон барои кулли сарбозони навдаъват роҳбарияти КҲФ, падару модарон, пайвандон, дӯстони наздикашон, ҳамчунин меҳмонони фахрӣ иштирок намуданд.

Фаввораи оташфишони Зелландияи Нав сабаби ҳалокати 5 нафар шуд (Видео)

Бино ба хабарҳои охир бар асари авҷи оташфишони Зелландияи Нав то кунун 5 нафар кушта шудаанд ва теъдиди зиёде аз сайёҳон нопадид шудаву аз сарнавишти онҳо хабаре нест. Баъзе гардишгарон лаҳзае пештар аз авҷи фаввораи оташфишон дида шудаанд, ки ба самти даҳонаи оташфишон дар ҳоли ҳаракат буданд.

ВВС ба нақл аз манбаъҳои худ мегӯяд, пулиси Зелландияи

Ҷасади сокини 41-солаи пойтахт дар кӯли Ҷавонон пайдо шуд

Ҷасади як сокини 41-солаи пойтахт, ки чанде пештар баъди муноқишаи хонаводагӣ бедарак шуда буд, аз кӯли Ҷавонон пайдо шуд. Гуфта мешавад, ки ин мард баъди баҳси хонаводагӣ аз хона берун рафт ва дигар барнагашт. Ҷасади ӯро баъд аз зуҳри рӯзи 8-уми декабри соли равон наҷотдиҳандагони Маркази наҷоти Кумита пайдо карданд  ва барои ташхису таҳқиқ ба мақомоти дахлдор супурданд.

АНОНС: Хонданиҳо ва диданиҳои ин ҳафта дар сомонаи мо

* Таҳқиқоти тоза: Гармоиши замин ҳаёти бисёре аз моҳиҳоро таҳдид мекунад. * Маркази идораи ҳолатҳои буҳронӣ, яъне чӣ? * Бузургтарин обхезиҳои харобиовари таърихи башар. Маълумоти сарчашмаҳо аз соли 1342 ба инҷониб. * Номаи хонанда: Маргумири шашуми олам. Чаро шашум? * Барномаҳои рушди КҲФ қадам ба қадам. Бахши дуюм.

Страницы