Генерал Назарзода хостори идомаи лоиҳаи муштараки Швейтсария ва Тоҷикистон дар мавриди коҳиши хатари офатҳо шуд
Чоп шуд: 11/12/2020 | admin
10 декабри соли 2020, дар бинои Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа дар мавриди анҷоми лоиҳаи «Механизми такмили сиёсати коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ» баргузор гардид. Тақвияти системаи идоракунии хавфи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон», ки онро КҲФ ва Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар соли 2016 имзо кардаанд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон амалӣ карда шуд.