Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳуку мати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар арафаи Рӯзи модар модарони хизматчизанҳои Раёсатро аёдат намуданд.
Кормандони Раёсати вилояти Суғд чорабинии ғайримуқаррариро ташкил намуда, модаронро дар ҷои кор ва ё хона дарёфт намуда, табрикоти Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғдро бахшида ба муносибати фарорасии Рӯзи модар онҳо расонида, дастаи гул ва ширинӣ тақдим намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи модарони хизматчизанҳо аз ҷониби Роҳбарияти Раёсат роҳандозӣ гардид.
Дар Раёсат наздик 15 нафар бонувон савганди садоқат ёд намуда, барои таъмини амнияти ҷомеа, тинҷиву осоиштагӣ, сулҳу субботи мардуми шарифи кишвар хизмат карда истодаанд.
Инчунин дар нимаи дуввуми рӯз роҳбарият ва намояндагони шӯрои бонувони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд собиқадорони Кумита Любов Федулова ва Олга Стрибукро аёдат карданд. Зимни аёдат бо онҳо сӯҳбати самимӣ ороста, зикр гардид, ки бо ғамхории ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат имрӯз ба табақаҳои гуногуни аҳолӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд ва ҳамеша дастгирӣ мегарданд, бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолият ва пайравӣ ба Сарвари давлат Роҳбарияти Раёсат низ пайваста кӯшиш мекунад , ки собиқадорони Кумитаро ҳамеша аёдат намуда, аз ҳоли онҳо бохабар бошанд.