Се хабар Раёсати КҲФ дар Хатлон

Як нафар намоянда аз бонувони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар чорабинии вилоятӣ бахшида ба Рӯзи Модар бо ширкати Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иштирок намуд. Ин чорабинӣ рӯзи 6 март дар тарабхонаи “Хуррамшаҳр”-и Данғара бо иштироки бонувони фаъоли вилоят баргузор шуд. Майор Гулчеҳра Неъматуллозода, ки иштирокчии ин чорабинӣ буд, бо туҳфаи арзишманди Раиси вилоят шарафёб гардид.

Дар остонаи анҷоми бунёди анбори замонавии дорои ҳама шароитҳои зарурӣ ҷиҳати захираи маводҳои моддӣ ва техникӣ барои 500 нафар аҳолии зарардида аз ҳолатҳои фавқулодда дар ҷамоати деҳоти Бустонқалъаи ноҳияи Кўшониён кормандони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон дар заминҳои корами анбори мазкур ниҳолҳои сояафкан ва мевадиҳанда, аз қабили шафтолу, зардолу, олуча, арча ва гулҳои мавсимӣ шинонданд.

Гуфтанист, ки ин анбор бо ташаббус ва маблағгузории ташкилоти Барномаи рушди Созмони Миллали Мутаҳид, дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷопон сохта ба истифода дода мешавад.

Дар шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании минтақаи Кулоби вилояти Хатлон семинари омузишӣ доир ба бехатарии сайёҳони хориҷӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” баргузор шуд. Дар ин семинар намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд. Ҳадаф танзими фаъолиятҳои сайёҳӣ, мусоидат ва ҳамоҳангсозӣ дар самти таъмини бехатарии сайёҳон  дар вилояти Хатлон буд.

Дар охири чорабинӣ намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ бо таҷҳизот ва лавозимоти имдоди Дастаи махсуси зудамали наҷоти шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании минтақаи Кулоби вилояти Хатлон аз наздик шинос шудаанд.

М.Муйдинов