Кумаки Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осебдидагони ноҳияҳои Хатлон ва Ваҳдат

Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мегӯяд илова ба кумакҳои ғайриғизоӣ, ки то кунун ба осебдидагони ноҳияи Хуросон тақсим шудааст, боз тасмим гирифтааст ба 72 оилае, ки хонаҳои худро дар ин ҳодисаи табиӣ пурра аз даст доданд, ба миқдори 150 франки швейтсарӣ (тибқи қурби расмии Бонки милии Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ дар санаи пардохт) ёрии яквақта расонад.

Поккориҳои рӯзи гузашта: шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд

Мубориза зидди коронавирус ҳамвора идома дорад. Духтурони қаҳрамон дар бемористонҳо ҷонбаркафанд, то ҳаёти гирифторон аз марг наҷот дода шавад. Ниҳодҳои дигар бо истифода аз ҳама воситаҳои имконпазир кӯчаву хиёбонҳо, идораву муассисаҳо, боғу гулгаштҳо, даромадгоҳи манзили истиқоматии шаҳрвандон, мошинҳо, роҳҳоро поккорӣ мекунад. Ҳамарӯза даҳҳо тона маҳлулҳои поксозанда барои...

COVID-19 –Тоҷикистон: Сироятшудагон 4100, шифоёфтагон 2217, фавтидагон 47 нафар

Вазорати тандурустии Тоҷикистон охирин омори мубталоён ва муолиҷашудагон аз коронавирусро эълон кард. Дар хабари ин ниҳод гуфта мешавад, ки то  соати 17:00 дақиқаи 2 июн  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4100 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2217 нафар ё 54% шифо ёфтаанд. Манбаъ ҳамчунин гуфтааст, ки аз КОВИД-19 дар Тоҷикистон 47

Русия мегӯяд озмоиши доруи нав зидди COVID-19 - «Авифавир» муваффақомез буд

Вазорати тандурустии Русия гуфтааст, ки санҷиши доруи нави зидди короновирус бо номи “Авифавир” 90 дарсад самаровар буд. “РИА Новости” истинодан ба ҷонишини Директори Маркази пажӯҳишҳои миллии Вазорати тандурустии Русия Владимир Чуланов хабар додааст, ки аввалин озмоишҳо нишон доданд, ки доруи нав то 90% барои шифои беморони гирифтори коронавирус самаровар буд.

Наваскарони қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд савганд ёд карданд

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки яке аз қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст, маросими савгандёдкунии наваскарони даъвати баҳорӣ баргузор шуд. Дар ин маросим ҳайати шахсӣ, афсарону сарбозон ширкат карданд. Ба сабаи бемории коронавирус имсол аз даъвати волидону пайвандон,

Страницы