Роҳандозии тамринҳо корҳои пешгирикунанда дар Ҳисор

Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ҳисор ҷиҳати иҷрои Нақша чорабиниҳои пешгирикунанда дар мавсими баҳори соли 2021 ва қарори раиси Ҷамоати деҳоти Сомон аз 05.04.2021 «Дар бораи омодагӣ ва гузаронидани машқи ғайринақшавии фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ дар мавзуи амалӣ ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳо (техникаҳо) ва неруҳои ғайриҳарбии ҷамоат” дар деҳаи Афғонободи Ҷамоати деҳоти Сомон тариқи ҳашари дастаҷамъона як силсила корҳои пешгирикунанда гузаронид.

Дар рўзи аввал зиёда аз 60 нафар ва рўзи дуюм зиёда аз 120 нафар сокинони маҳал бо ҷалби 1 адад эксковатори тасмачархи тамғаи «Ҳундай» ва 3 адад техникаи борбардори тамғаи «Камаз» корҳои соҳилбандӣ, поксозии каналу ҷӯю заҳбурҳоро ба роҳ монданд.

Расмҳо аз рафти чорабнӣ, бозгӯкунандаи талоши сокинон ва масъулини КҲФ дар Ҳисор барои ободониву пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохушанд.

 

Ш.Давлатов, масъули бахш дар Ҳисор.

барчасп: