Оғози рӯзҳои сарди тирамоҳ. Табиат рӯ ба зимистон меорад. Дар ин ҳолатҳо чӣ бояд кард? Чанд тавсия ба сокинони кишвар

Моҳҳои тирамоҳ барои кишвари мо ҳавои ноустувор доранд. Рӯзҳои борониву шамолҳои гоҳ сахту гоҳ тунд ва дамои ҳаво низ гоҳ гарм асту гоҳ сард. Аммо аз сардиҳо дигар ҷойи гурез ҳам нест. Тирамоҳ батадриҷ нафаси сарди зимистонро наздик мекунад. Ва дар ин моҳҳо ҳар гуна рӯйдодҳои табиӣ ҳам  эҳтимол доранд, аз қабили резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ, мушкили ҳаракати мошинҳо ва илова ба ин ҳодисаҳое ҳам...

Наҷоти як духтари 17-сола дар Суғд, ки қасди худкушӣ дошт. Шуъбаи шаҳрӣ ду наҷотбахши духтарро бо сипоснома қадрдонӣ кард. Шарҳи расмӣ

28 сентябри соли равон тақрибан соатҳои 17:30 дақиқа ба наҷотдиҳандагони ихтиёрии Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Сӯҳроб Мирзоев  ва Баҳриддин Шарипов   муяссар гардид, ки як сокини 17-солаи ҷамоати деҳоти Чойрух-дарони  шаҳри Гулистон, ки худро бо мақсади худкушӣ аз болои пули Исмоили Сомонӣ   ба дарёи Сир ҳаво дод, хабар расид.

Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Давраи кушоишҳои бузург, яъне чӣ? Бахши дуюм

Дар марҳилаи аввали Кушоишҳои бузурги географӣ Испания ва Португалия нақши муҳим ва калидӣ бозиданд. Ин ду кишвар бо сабабҳое пештар аз мамолики дигар омода ба иҷрои вазифаҳои мушкиле, ки ҳаёт дар наздашон гузошта буд, шуданд. Муддати чанд даҳсола баҳрнавардони ин кишварҳо роҳи ҷанубу шарқӣ ба кишварҳои Шарқ дар атрофи Африқо ва ҷанубу ғарб давр задани Амрикоро кашф карданд,

Covid-19 то 29-уми сентябри соли 2020 дар олам. Воксани таҷрибашудаи Русия ҳоло то Белорусия расид. СҶТ гуфт, ки давлатҳои камдаромад 120 миллион тест ба коронавирус дарёфт мекунанд

29 сентябри соли 2020 шумори гирифторон ба вируси корона Covid-19 ба  33 миллиону 552 ҳазору 152 нафар расид. Танҳо дар як шабонарӯз дар олам  67 ҳазору 340 нафар сироят шуданд.  Аз оғоз то ба имрӯз дар кулли кишварҳои ҷаҳон бештар аз 1 миллиону 370 нафар фавтидаанд. Дар шабонарӯзи гузашта аз ин беморӣ дар олам 1 ҳазору 595 нафар ба ҳалокат расидаанд.Аз коронавирус КОВД-19 дар ҷаҳон то 29 сентябри соли

Академик Мусо Диноршоев дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт. Дар бораи ӯ чӣ медонем ва чиро бояд донем?

Диноршоев Мўсо 7 ноябри 1934 дар деҳаи Арзинги водии Вахё (Тавилдара, ҳоло ноҳияи Сангвор) таваллуд ёфтааст. Солҳои 1949-1954 донишҷўи Омўзишгоҳи педагогии Орҷонкидзеобод (ҳоло Ваҳдат) ва дар як вақт муаллими мактаби 7 солаи ҳамин ноҳия ва (солҳои 1954-1959), донишҷўи факултети таъриху  филологияи  Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буд.

Страницы