Комиссияи ҳолатҳои фавқулода зарари аз сел расида дар ноҳияи Тоҷикободро эълон кард

Чуноне хабар дода будем, 6 ноябри соли 2024 соати 22:20 дақиқа дар деҳаи Миразиёни ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод дар натиҷаи боришоти шадид ва рахна шудани пиряхҳо сел ба қайд гирифта шуд.

Бар асари офати табиӣ, оби гилолуд ба моликияти сокинони маҳаллӣ хисорот ворид кардааст. Аз ҷумла, гурӯҳи кории КҲФ ҳамроҳ бо Комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Тоҷикобод муайян кард, ки сел ба 28 хонавода зарар расондааст. 

Идомаи тамринҳои муштараки наҷотдиҳандагони тоҷику турк дар кӯҳҳои Варзоб

Тамринҳои анҷом додани корҳои наҷот дар манотиқи кӯҳистонӣ, то ҳадди имкон ба шароити воқеӣ наздик, ки дар он наҷотдиҳандагони КҲФ иштирок мекунанд, идома дорад. Омӯзиши таълимӣ ва амалӣ аз ҷониби устодони Агентии мудирияти ҳолатҳои фавқулодаи Туркия (AFAD) гузаронида мешавад. Машқҳо дар релефи воқеӣ, дар кӯҳҳои Варзоб баргузор мешаванд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз туман ва селҳои чанд рӯзи оянда ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар давоми 24 соати наздик дар аксари манотиқ туман пешбинӣ шудааст. Аз 9-ум то то 11-уми ноябри соли 2024 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сер ба асари боронҳои шадид вуҷуд дорад.

Оғози мулоқотҳо бо наваскарони даъвати тирамоҳӣ дар қисмҳои ҳарбии КҲФ

Рӯзҳои 7 ва 8 ноябри соли 2024 бо мақсади тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ, инчунин муаррифии дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ дар се қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар худуди гарнизони Душанбе вохӯрӣ бо даъватшавандагони даъвати тирамоҳӣ   баргузор гардид.

Гурӯҳи корӣ иборат аз роҳбарони Раёсати қӯшунҳо, ҳайати шахсӣ ва кор бо ҳайати шахсӣ, Раёсати тиббӣ, шӯъбаи ҳуқуқ ва Шӯрои бонувони Кумита бо шароити хидмат ва маишии даъватшавандагон аз наздик шинос шуданд.

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти мизи гирди вазирон

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар ҷаласаи мизи гирди вазирон «Тадбирҳо оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар пасманзараи тағйирёбандаи хатарҳо» дар доираи Платформаи минтақавии Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ (ECARRDS-2024) ширкат мекунад. Ин нишаст рӯзи 6-уми ноябр дар шаҳри Будваи Черногория оғоз шу два қарор аст то 8-уми ноябри соли равон идома кунад. 

Страницы