РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР КҲФ

Дар толори асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар он муовини раиси кумита, афсарон, олирутбаву собиқадорони кумита ширкат доштанд.

Чорабиниро муовини раис кушода эълон намуд ва сипас ҳозирин ва собиқадорон суханронӣ карданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ, аз ҷониби роҳбарият бо ифтихорномаҳо, медал ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Қобили қайд аст, ки бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ҳамаи зерсохторҳои кумита чорабиниҳои гуногун баргузор шуданд.

барчасп: