Тозатарин ахбор аз COVID-19 аз Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ҳаштумин ҳафта аст, ки сироят ба КОВИД дар саросари олам рӯ ба коҳиш овардааст. Дар ин бора рӯзи 21-уми июни соли равон ба брифинги матбуотӣ Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус хабар дод. Бино ба маълумоти СҶТ, ки дар сомонаи худ чоп кардааст, зарфи як ҳафтаи охир дар олам 2 миллиону 518 ҳазору 978 ҳодисаи нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор шудааст, ки назар ба ҳафтаи қаблӣ 5,6% камтар аст.

Оғози давраи нави омӯзишӣ барои кормандони бахши тибб ва наҷоти КҲФ

21 июни соли 2021 дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар омӯзиш ва бозомӯзии кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, курсҳои омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагон, ғаввосон ва кормандони тиббии идораи наҷоти кишвар оғоз шуд.

Баргузории мулоқт бо Ёвари Дабири Кулли СММ

21 июни соли 2021 дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Директори Бюрои минтақавии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид / Ёвари Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум

ФАВРӢ! Ситоди ҷумҳуриявӣ аз ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории коронавирус хабар дод

Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии  коронавирус-COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

Дар ҷаласаи навбатӣ вазъи ҳолати имрӯза дар Ҷумҳурии

Милко Сингх – устураи варзиши Ҳинд аз коронавирус даргузашт

Милко Сингх-устураи варзиши Ҳинд, ки бо номи Сигхи паранда ҳам машҳур буд, баъди панҷ рӯзи даргузашти ҳамсараш аз коронавирус дар синни 91-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Зану шавҳар ба иллати мубтало шудан ба вируси корона дар бемористон бистарӣ буданд ва панҷ рӯз пеш ҳамсараш даргузашт ва ҳоло худи ӯ низ аз олам рафт.

Страницы