27 марти соли 2022 боронҳои шадид ва гарм шудани дамои ҳаво боиси боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо ва ҳаракати хоку гил шуд, ки бар асари он дар километри 352 роҳи мошингарди Ш.Шоҳин – Дарвоз, ки аз қаламрави деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз убур мекунад, роҳ баста гардид.
Барои анҷом додани корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсуси Вазорати нақлиёт ҷалб гардида, бо кӯшиши кормандони ин идора паёмадҳо бартараф шуданд. Дар айни замон роҳ боз аст ва мошинҳо аз ду самт равуо доранд.
12 - 18 марти соли 2022 дар ҳамин минтақа сел гилу лойи зиёдро фурӯ рехт, ки дар натиҷа барои чанде аз хонаводаҳои деҳаи Умараки ноҳияи Дарвози ВМКБ хисорат овард.
Тибқи маълумоти пешакии Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят дар натиҷаи офати табиӣ ду бинои истиқоматӣ пурра ва се хонаи истиқоматӣ қисман хароб шудааст. Инчунин, заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шаш хоҷагӣ зарар дидаанд.
25 марти соли 2022 бо мақсади муайян намудани хатари омадани сел барои гузаронидани тадқиқоти муҳандисию геологӣ гурӯҳи корӣ аз ҷумлаи кормандони КҲФ ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса рафтанд.
Ду квадрокоптери Кумита барои кофтуков, тадқиқи релефи кӯҳӣ ва минтақаи пайдоиши сел истифода шудааст.
Санҷиш нишон дод, ки 15 хочагй зери хатари сел қарор доранд. Айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия барои дар ояндаи наздик ба минтақаҳои дигари амн кӯчонидани ин хонаводаҳо тадбирҳо меандешад. Ба оилаҳои осебдида аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ ва соҳибкорони хусусии вилоят кумакҳои зарурӣ расонида шуд.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, то охири моҳи марти соли ҷорӣ эҳтимоли лағзиши тарма, омадани селу, ҳодисаҳои дигаре назири ярч ва болоравии сатҳи оби дарёҳо ва обанборҳо боқӣ мемонад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ бо эҳтиром хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанду ҳушёр! Ҷони худ ва пайвандони худро аз хатарҳои эҳтимолӣ наҷот диҳанд.