Дирӯз, 30 марти соли 2022, соати 17:09 дақиқа ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ, пеш аз пули мошигузари собиқ бозори Султони Кабир, дар дохили рӯди “Душанбе” ҷасади нафаре намоён аст.
Баъди гирифтани хабар дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати КҲФ ва МГ дар шаҳри Душанбе фавран ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуд.
Кормндони наҷот соати 17:30 дақиқа ҷасадро аз об берун оварданд ва ба мақомоти умури дохилаи ноҳияи Фирдавси супориданд.
Шахсияти ҷасад то ин замон маълум нашудааст.