COVID-19: Сироятшудагон дар олам ба 271 миллион наздик мешавад. То кунун беш аз 5,3 миллион нафар ҷон бохтаанд

Шумори гирифторон ба коронавирус дар олам ба 270 миллиону 922 ҳазору 017 нафар расидааст. Бино ба омори ахиран расонаикардаи Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА аз аввали ҳамагирӣ дар олам 5 миллиону 326 ҳазору 969 нафар аз COVID-19 ҷон бохтанд.

ИМА, Ҳинд ва Бразилия ҳамоно се кишваре мебошанд, ки шумори бештари сироятшуда ба COVID-19 доранд. 

Аввалин марг бар асари гирифторӣ ба коронавируси штамми “Омикрон” дар Британия сабт шуд

Нахуствазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон эълон кард, ки як нафар дар ин кишвар бар асари гирифторӣ ба гунаи Омикрон фавтидааст. Сарвазири Британия ҳамчунин гуфт, ки шуморе аз гирифторон ба Омикрон дар беморхонаҳои бистарӣ шудаанд ва беҳтарин коре, ки мардум метавонанд дар мубориза бо ин гунаи коронавирус анҷом диҳанд он аст, ки ҳатман худро бори сеюм эм кунанд.

Пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва коҳиши хисорот аз офатҳо дар шаҳри Гулистон

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд таҳти Раёсати Раиси комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда - Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ҷаласаи  Комиссияи ҳудудии ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа баромади Орифзода Ф.Н. оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Ҳушдор ва тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: То 16 декабр ҳаво сард мешавад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар то 16-уми декабри соли 2021 ҳаво сард мешавад, борон дар водиҳо ба барфи тар табдил мегардад. Дар минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ барфи шадид меборад. Ба истиснои ВМКБ дар аксар қаламрави кишвар туман дар назар дошта шудааст.

COVID-19: Шумори гирифторон дар олам ба 269 миллион нафар расидааст

Дар олам  269 миллиону 375 ҳазору 289 нафар гирифторон ба  COVID-19 сабт шудааст ва шаҳодати ин харитаест, ки ахиран Маркази таҳқиқоти системавии Донишгоҳои Ҷонз Ҳопкинзи ИМА интизор додааст.

Зарфи як шабонарӯз 587 059 нафар гирифтори ин вирус шуданд;

Страницы