Сел дар Панҷекат ба 48 гектар замин ва 22 манзили сокинони ҷамоати Лоиқ Шералӣ зарар расонд

23 апрели соли  2022 наздик ба соати 18:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар деҳаи Навободи ҷамоати Лоиқ Шералии шаҳри Панҷкати вилояти Суғд бар асари боронҳои пуршиддати он рӯз сел омад. Он селроҳаи Завронро аз об пур кард,  лойқа пули деҳаро, ки дар километри 64 роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷекат воқеъ мебошад, пӯшонд. Роҳ муваққатан баста шуд.

Барои рафъи паёмадҳои офат техника ва кормандони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд. Ҳоло роҳ пурра аз лойоба тоза карда шуда, ҳаракати мошинҳо ба ду самт имконпазир шудааст.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ва ҳукумати иҷроияи маҳаллӣ ба ҷойи ҳодиса рафтанд. Маълум шуд, ки ин лойоба ба 48 гектар заминҳои кишоварзии ҷамоати Лоиқ Шералӣ зарар расонда, таҳхонаи 15 хонаи истиқоматии сокинони деҳаи Заврон ва 7 манзили истиқоматӣ дар рустои Навбунёдро пӯшонидааст.

Сел талафоти  ҷонӣ надошт.

Дар айни замон Кумита ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷекат ба қароре омадаанд, ки барои тоза намудани хонаҳои истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҳашари умумӣ бо ҷалби аҳолии маҳал ва техника ташкил кунанд.

барчасп: