Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич
Чоп шуд: 27/04/2022 | adminСокинони деҳаи Басамандаи ноҳияи Деваштич ба ҳар коре агар даст мезананд, бо як самимияти хос даст мезананд. Аз ин самимият ҳам худ ва ҳам меҳмони омада лаззат мебарад. Ҳатто дар ташкилу роҳандозии тадорукоте чун Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ, ки дирӯз дар саҳни мактаби рақми 7 роҳандозӣ шуд, як доман аз атри муҳаббату самимияти азалии худро пош доданд, ки аз бӯйи диловези он тароф муаттар шуд ва