Сокинони деҳаи Басамандаи ноҳияи Деваштич ба ҳар коре агар даст мезананд, бо як самимияти хос даст мезананд. Аз ин самимият ҳам худ ва ҳам меҳмони омада лаззат мебарад. Ҳатто дар ташкилу роҳандозии тадорукоте чун Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ, ки дирӯз дар саҳни мактаби рақми 7 роҳандозӣ шуд, як доман аз атри муҳаббату самимияти азалии худро пош доданд, ки аз бӯйи диловези он тароф муаттар шуд ва ин ҷамъомад ба ҳадде дилкашу диданӣ гузашт, ки метавон танҳо бо нидои “офарин” аз он истиқбол намуд.
Басманда аз ҷумлаи бузургтарин рустои ноҳия аст, ки дар бағали кӯҳҳо ҷой гирифтаву бо ҷамъияти сершумораш тавонистааст ҳамеша як шукуфоиву дилрабоии худро нигоҳ дорад. Мардумонаш ҳамеша моил ба ҳар кореанд, ки аз он бӯи хайру накуи меояд.
Шояд масъулини бахши Деваштичии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳамин вижагиҳоро ба назар гиифтаву ин тадорукоти муфиду омӯзиширо маҳз дар ҳамин деҳа роҳандозӣ намуданд.
Бино ба гузориши ҳамкорамон Шарафҷон Азизов барои ташкил ва гузаронидани «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ҳайати омӯзгорон ва хонандагони МТМУ №7-и ноҳия, хадамотҳои тиббӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва оташнишонии ноҳия ҷалб карда шуданд.
Мақсад аз гузаронидани Рӯзи мудофиаи гражданӣ пеш аз ҳама тарғиби дониш ва малакаву маҳорати хонандагон дар ҳифзӣ аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, такмил ва баланд бардоштани маҳорати амалии хонандагон ва омӯзгорон ва омодагии онҳо ба ҳар гуна ҳодисаҳои эҳтимолии табиӣ ва техногенӣ буд.
Фаъолони ин чорабинӣ бо сипосномаи Раиси ноҳия, инчунин тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо аз тарафи Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи нраджании вилояти Сущд дар ноҳияи Деваштич сарфароз гардонида шуданд.