Ҳамсоя рафту оби шорида аз манзилаш дигаронро нороҳат намуд

Рӯзи 25-уми апрели соли равон соати 14:57 дақиқа аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хабар доданд, ки аз як хонаи дарбастаи кӯчаи Яккатут 10 об шорида, хонаҳои ҳамсоягонро зери хатар гузоштааст.

Ба ҷойи ҳодиса имдодгарони Раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фавран фиристода шуданд. Маълум гардид, ки аз хонаи ҳамсоя, ки дари он баставу касе соҳиби хона ҷойе рафта, ки касе намедонад, об аз қубурҳо берун рехтааст ва аз ин чанд хонаи дигар зарар дидаанд. 

Наҷотдиҳандагон  ҳолати ба амаломадаро то соати 16:07 дақиқа бартараф намуданд.  

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон бо камоли эҳтиром хоҳиш мекунад ҳангоми аз манзилҳои худ берун шудан аввал махзанҳои обро дар манзилашон пурра банданд ва нагузоранд, ки дар набудани онҳо ҳамсоягон осеб бинанд.

Тавсия дода мешавад, ки ҳамсоягон барои чунин ҳолатҳои эҳтимолӣ ҳатман рақами телефони ҳамдигарро донанд, то дар сурати пеш омадни ҳаводисе назири ҳодисаи боло ба зудӣ соҳиби хонаро пайдо кунанд.

барчасп: