COVID-19: Шумори ҷонбохтагон дар Ҳинд аз 300 ҳазор гузашт. Вазири тандурустии Тоҷикистон иддиои баъзе расонаҳоро дар мавриди коронавирус рад кард

Шумори гирифторон ба коронавирус дар олам ба 167 миллиону 533 ҳазору 334 нафар расидааст. Зарфи як шабонарӯз боз 126 ҳазору 988 нафар мубталои ин вирус шудаанд. Теъдоди фавтидагони 24 соати гузашта 2803 нафар эълон шуда, аз аввали ҳамагирӣ 3 миллиону 478 ҳазору 523 нафар ҷон бохтаанд. Аз ин беморӣ 148 миллиону 623 ҳазору 446 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

Вазорати беҳдошти Ҳинд хабар дод, ки теъдоди...

Кумаки Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 200 оилаи ниёзманди офатрасидаи ноҳияҳои Вахш ва Восеъ (ВИДЕО)

Бо мақсади расонидани кумакҳо ба зарардидагони офатҳои табиӣ дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дастгирии як қатор созмонҳои байналмилалии муқими кишвар аз рӯзҳои аввали омадани селҳои харобкор пайваста ёриҳои башарӣ дар шакли маводҳои ғизоӣ ва ғайриғизоӣ мерасанд.

Идомаи рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар Кӯлоб

Дар қаламрави шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд, ки дар он хизматчиёни ҳарбӣ, наҷотдиҳандагон ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва намояндагони хадамоти гуногуни ҳукумати иҷроияи маҳаллӣ ширкат доранд.

Бино ба гузориши Ситоди фаврии ҷумҳуриявӣ то 23-уми...

Фаввораи оташфишони Нирагонго дар Конго ҳудудан 2 миллион сокинони як шаҳрро водор ба фирор кардааст

Оташфишони Нирагонго дар Ҷумҳурии Демократии Конго, воқеъ дар марз бо Раундо рӯзи 22-уми май дубора фаввора зад. Бино ба гузориши хабаргузори  Reuters давлати Конго тарҳи тахлияи шаҳри Гуморо ба иҷро гузоштааст. Интиқоли неруи барқ ба шаҳр қатъ шудааст. Бӯи ғализи партовҳо ва гудозаҳо атрофро фаро гиифтааст.

Дар ҳамин ҳол вулканшинос Дарио Тедеско гуфтааст...

Машқи фармондеҳӣ-ситодӣ дар Консойи шаҳри Гулистон

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии шаҳр дар масъалаҳои  мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода бо мақсади санҷидани сатҳи омодагӣ, дониш ва сатҳи касбии ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ ва ҳайати шахсии неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ дар ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои

Страницы