Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ дар Қасри миллат

25 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ супориданд.

Шумори олудагон ба коронавирус дар олам аз 214 миллион гузашт. Дар Тоҷикистон 16 562 нафар гирифтор шудаанд

Шабонарӯзи гузашта дар олам 434 852 сироятшудаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд ва аз ин беморӣ дар 24 соати гузашта 7192 нафар фавтиданд. Аз аввали ҳамагирӣ дар олам 214 миллиону 174 ҳазору 539 нафар олудаи COVID-19 шуданд ва 4 миллиону 469 ҳазору 005  нафар ҷон бохтанд. Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон то ба имрӯз 16 562 нафар чун мубтало ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шуд. Шумори фавтидагон аз аввали ҳамагирӣ 124 нафар эълон шудааст. 16 360 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

Вулқони Марсили: ғулпайкари зериобӣ, ки ба Италия таҳдид мекунад

Дар соҳилҳои ҷанубии Италия, дар қаъри баҳри Тирени (итол. Mare Tirreno – бахше аз баҳри Миёназамин, ки дар каронаҳои ғарбии Италия воқеъ шудааст) дар умқи мавҷҳои хурӯшон бузургтарин вулқони амалкунандаи Аврупо  паноҳ бурдааст.  Имрӯз донишмандон сари ин суол меандешанд, ки агар ин вулқони азим бедор шавад ва фаввора занад, чӣ пеш хоҳад омад.  Пешбиниҳо хеле гуногунанд ва баъзеҳо аз фоҷеаи гӯшношуниде низ...

Чанд хабари рӯзи гузашта. Пайдо шудани ҷасади ду ғарқшуда дар Шуғнон ва Сангвор

Дастаи зудамали наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ субҳи рӯзи 22-уми августи соли равон, соати 09:40 дақиқа аз соҳили дарёи Панҷ, дар қаламрави деҳаи Барчиди ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон ҷасади як ҷавони 17-соларо пайдо ва ба хешовандонаш супурд.
Ин ҷавон сокини шаҳраки Исмоили Сомонии...

Ҳалокати шахсиятҳои маъруф дар садамаҳои мошин

Садмаи мошин аз пурқурбонитарин ҳодисаҳост. Мутаассифона, дар ин гуна тасодуф қатори шаҳрвандони одӣ шахсиятҳое низ қурбон мешаванд, ки миёни ҷомеа маъруфияти бештар доранд. Инҳо ё сарояндаи шинохтаанд ва ё коргардону филмноманавис ё бозингари филмҳо, адибонанд, журналистонанд, ходимони илмианд ва ғайраву ҳоказо. Аз яке инҳо Баҳроми Ғаффурзод – сарояндаи мумтози тоҷик буд...

Страницы