Шабонарӯзи гузашта дар олам 434 852 сироятшудаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд ва аз ин беморӣ дар 24 соати гузашта 7192 нафар фавтиданд. Аз аввали ҳамагирӣ дар олам 214 миллиону 174 ҳазору 539 нафар олудаи COVID-19 шуданд ва 4 миллиону 469 ҳазору 005 нафар ҷон бохтанд. Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон то ба имрӯз 16 562 нафар чун мубтало ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шуд. Шумори фавтидагон аз аввали ҳамагирӣ 124 нафар эълон шудааст. 16 360 нафар пурра муолиҷа шудаанд.
Донишмандони амрикоӣ изҳор медоранд, ки сатҳи сироят дар одамони вакиннагирифта тақрибан 5 баробар бештар аз касонест, ки зидди коронавирус эм шудаанд. Ҳамчунин эҳтимоли дар бемористонҳо бистарӣ шудани гирифторони ваксина нагирифта 29 баробар бештар аз касонест, ки худро эм кардаанд.
Дар миёни кишварҳои аврупоӣ аз ҳама бештар дар Британияи Кабир сирояти шабонарӯзӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин кишвар зарфи 24 соати сипаришуда беш аз 30 ҳазор нафар мубталои нав сабт шуданд ва теъдоди фавтидагон аз 100 нафар боло рафт.
Дар Италия то ба имрӯз аз сироят ба коронавирус 128 855 нафар ҷон бохтаанд.
Дар Фаронса ҳамарӯза то 20 ҳазор нафар сироят мешаванд ва ин назар ба моҳи июн 10 баробар бештар аст.
Дар Юнон дар як шабонарӯз то 3,5 ҳазор нафар чун гирифтори нав ба COVID-19 сабт мешавад, ки ин баландтарин сатҳи мубталоӣ барои ин кишвар ба ҳисоб меравад.
Исроил аз рӯзи сешанбеи гузашта ба рӯйхати кишварҳое шомил шуд, ки бештар аз 1 миллион мубтало ба COVID-19 доранд. Ҳар шабонарӯз дар ин кишвар то 7 ҳазор ва ҳатто бештар аз он гирифторони нав ба қайд гирифта мешаванд.
Дар 85 минтақаи Русия шабонарӯзи гузашта 16 833 сироятшудаи нав ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла:
Дар Москав — 1 557 387 (+1105), 27 087 нафар фавтиданд,
Санкт-Петербург — 568 476 (+600), 20 342 нафар фавтиданд,
Вилояти Москав — 416 616 (+1125), 7663 нафар фавтиданд,
Кишвари Хабаровск — 73 008 (+312), 673 нафар фавтиданд,
Кишвари Забайкал — 62 440 (+224), умерло 1038 нафар фавтиданд,
Кишвари Приморский — 60 630 (+242), 1017 нафар фавтиданд.
Аз аввали ҳамагирӣ дар Русия 6 785 374 нафар олуда ба COVID-19 шуданд.
То 25 августи соли равон дар Қазоқистон 748 851, дар Қирғизистон 174 347 ва дар Ӯзбекистон 150 683 нафар гирифтори коронавирус шудаанд.