Дар соҳилҳои ҷанубии Италия, дар қаъри баҳри Тирени (итол. Mare Tirreno – бахше аз баҳри Миёназамин, ки дар каронаҳои ғарбии Италия воқеъ шудааст) дар умқи мавҷҳои хурӯшон бузургтарин вулқони амалкунандаи Аврупо паноҳ бурдааст. Имрӯз донишмандон сари ин суол меандешанд, ки агар ин вулқони азим бедор шавад ва фаввора занад, чӣ пеш хоҳад омад. Пешбиниҳо хеле гуногунанд ва баъзеҳо аз фоҷеаи гӯшношуниде низ хабар медиҳанд.
Ҳар боре агар кас дар бораи вулқонҳои Италия ҳарф мезанад, шояд пеши назараш оташфишонҳое назири Этна ва Везувий меояд, ки ҳамоно фаъолнокии худро аз даст надодаанд ва сари чанд вақт аз худ дарак медиҳанд. Вулқони Везувий замоне сабагори ҳалокати шаҳри Помпеи шуд буд. Аммо ин ҷо таҳдиди дигаре ҳам ҳаст, ки аз қаъри баҳр сар мезанад. Ин ғулпайкари зериобӣ қобилияти онро дорад, ки дар ҷануби нимҷазира як ҳаросу беназмиро ба бор орад. Он дар масофаи 175 килиметр ҷанути Неапол пинҳон шудааст. Баландии он дар қаъри об 3000 метр, дарозиаш 30 километр аст. Дар воқеъ Марсили калонтарину азимтарин вулқон дар қаламрави Аврупост. Аммо баъид аст, ки шумо онро дида тавонед, чун аз баландии кӯҳи зериобӣ то сатҳи уқёнуси Ором ҳаддиақал 500 метр аст.
Садсолаҳост, ки оташфишони зериобии Марсили барои олимон маълум аст, вале танҳо ҳамин чанд даҳсолаи охир он ба манбаъи омӯзиш табдил шудааст. Ҳоло ин нукта мушаххас шудааст, ки дар сурати фаввора задани бахше аз он як сунами (обларза)-и басо пурқудрате бо баландии мавҷи 20-30 метр метавонад ба соҳилҳои Калабри ва Ситсилия аз худ дарак диҳад ва харобиҳои зиёдеро ба бор орад.
Албатта оташфишони Марсили аз ҷиҳати андоза наметавонад масалан бо вулқони Тому Массив (як оташфишони сипаршакли ғайрифаъол дар шимолу ғарби уқёнуси Ором) воқеъ дар 1600 километр шарқи Ҷопон баробар бошад. Тому Массив ба ҳадде бузург аст, ки баландии он 4 460 метр андозагирӣ шудааст. Аммо ба фарқ аз Тому Марсили вулқонӣ фаъол аст, на хомӯшшуда. Вай дар наздикии марзи палтформаи тектоникии АвруОсиё ва Африқо, ки минтақаи фаъоли геологӣ номида мешавад, ҷой гирифтааст.
Вулқоншиноси итолёвӣ аз Пажӯҳишгоҳи миллии геофизика ва вулқоншиносии Италия Гвидо Вентура мегӯяд ин вулқон тақрибан миллион сол пеш пайдо шудааст. Бо гузашти замон дар он 80 конуси фаъол ва тарқишҳои зиёде ба вуҷуд омадаанд, ки аз онҳо метавонад гудозаҳо берун ҷаҳанд.
Аммо ҳачанд ин вулқон қадимисту мегӯянд як миллион сол пеш пайдо шудааст, вале донишмандон аз вуҷуди он ҳамагӣ 100 пеш огоҳ шуданд. “Танҳо дар аввали асри бистум одамон харитасозии қаъри обро оғоз карданд,-мегӯяд Вентура. – Аз сӯи ин як сабаби омӯзишу харитасозии қаъри обҳо барои ниёзҳои ҳарбӣ буд, то киштиҳои зериобӣ бемамониат роҳи дурусту бехатари ҳаракатии худро пайдо кунанд, аз сӯи дигар рушди системаи байналмилалии телекоммуникатсионӣ буд, ки мехостанд кабелҳои худро дар ҳазорҳо км дар қаъри об кашанд”.
Дар натиҷа соли 1920 харитасозон ин кӯҳи азими зериобиро пайдо карданд ва онро ба номи олими энсиклопедисти итолёвӣ Луиҷи Фердинандо Марсили (1658 – 1730) гузоштанд.
Аммо омӯзиши вулкан аз аввали солҳои 200 оғоз шуд ва олимон маълум карданд, ки охирин фавраи ин вулқон чанд ҳазор сол пеш рух додааст. Фаъолнокии имрӯзаи он як ғуввоси заъифи зеризаминӣ, эмиссияи газӣ ва такони суст аст, мегӯяд Вентура. Аммо ин ҳаргиз ба маънои он нест, ки Марсила фаъол нашавад.
"Хатар сари он нест, ки вулкан бо ҳама нерӯ зинда шавад ва фаввора занад, ин метавонад як заминлағзиш ё ярчи зериобӣ бошад”, изҳор медорад Вентура. Ва агар ин иттифоқ уфтод, пас метавон гуфт, ки деморҳои вулқон хароб мешавад, ҷойи холиро об пур мекунад ва боиси сар задани сунамӣ мешавад .
Маҳви Неапол
Аз ҳоло барои донишмандону муҳаққиқону вулканшиносон маълум аст, ки лағзишҳои зериобӣ метавонанд фоҷеаҳои таърихиро такрор кунанд. Масалан соли 1343 шоир Петрарка (Франческо Петрарка – андешаманд, таърихнигор, нависанда, шоир ва инсоншиноси итолёӣ, ки солҳои 1304-1374 зистааст) дар бораи як тӯфони басо азиме навиштааст, ки амалан соҳилҳои халиҷи Неаполитанро холӣ кард ва сабаби марги садҳо нафар шуд.
Таҳқиқоте, ки чанде пештар Сара Леви ва ҳамкоронаш аз Донишгоҳи иёлоти Ню-Йорк анҷом доданд, нишон дод, ки он фоҷеае, ки Петрарка тасвир кардааст, метавонад асари сунами бошад. Олимон шаҳодатҳое аз заминлағзиши қадима пайдо кардаанд, ки бар асари вулқони Стромболи ба вуҷуд омадааст. Фавраи соли 2002 Стромболи сабаби ба вуҷуд омадани ду сунами шуда буд. Мавҷи об он замон танҳо худи ҷазираро пӯшид ва ба қора наздик нашуд, касе ба ҳалокат нарасид.
Глауко Галлоти – физикдон аз Донишгоҳи Болони мегӯяд донишмандон ҳоло маълумоти пурра дар бораи дараҷаи хатаре, ки Марсили мерасонад, дар даст надоранд.
Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, аз ҳоло олимон аз хатарҳои эҳтимолии вулқони Марсили ҳушдор медиҳанд. Онҳо мегӯянд, бояд хеле ҷиддӣ ин вулқон омӯхта шавад.
Манбаъ: ВВС