Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ дар Қасри миллат

25 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ супориданд.

Дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди хизматӣ ва фаъолияти самаранок, бештар аз 100 нафар роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ордени Спитамен дараҷаи 1, ордени Спитамен дараҷаи 2, ордени Шараф дараҷаи 2, медали Ҷасорат, медали Хизмати шоиста, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, ҳарбии олӣ, дараҷавӣ ва махсус, қадрдонӣ шуданд.

Чунончӣ, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо рутбаи олии ҳарбии генерал-полковник, сардори беморхонаи ҳарбии Кумита полковник Асомиддин Каримов бо ордени Шараф дараҷаи 2 ва полковник Оймаҳмад Назаров бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуданд.  

Роҳбарият ва ҳайати шахсии КҲФ ҳамкорони худро барои мукофотҳои давлатӣ муборакбод мекунанд!

барчасп: