Ҳалокати шахсиятҳои маъруф дар садамаҳои мошин

Садмаи мошин аз пурқурбонитарин ҳодисаҳост. Мутаассифона, дар ин гуна тасодуф қатори шаҳрвандони одӣ шахсиятҳое низ қурбон мешаванд, ки миёни ҷомеа маъруфияти бештар доранд. Инҳо ё сарояндаи шинохтаанд ва ё коргардону филмноманавис ё бозингари филмҳо, адибонанд, журналистонанд, ходимони илмианд ва ғайраву ҳоказо. Аз яке инҳо Баҳроми Ғаффурзод – сарояндаи мумтози тоҷик буд, ки пештар м атлабе дар ин бора доштем. Дар як навиштаи басо кутоҳ намешавад аз ҳамаи онҳо ёд кард. Вале ба сурати мухтасар метавон баъзеи онҳоро ном бурд.

Майкл Хоторн. Автомобилрони формули 1, аҳли Британия. Соле, ки аввалину охирин бор барои мошинронӣ қаҳрамон шуд, аз ин намудаи варзиш даст кашид. Соли 1959 дар синни 29-солагӣ дар як тасодуфи автомобилӣ ҳалок шуд. Мегӯянд бо дӯстайш Роберт Уолкер пойга карданд ва чун мошини дӯсташро гузашт, мувозинати ҳаракатро аз даст дод ва ба мошини боркаши Bedford бархӯрд ва ҳалок шуд. Ин ҳам як фарзия аст, иллати аслии ҳалокат маълум нест. 

 

 

 

Леонид Биков, ҳунарпешаи маъруф, коргардони филм ва филмноманависи украинии аҳли Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Миёни солҳои 1953 то 1977 дар бештар аз 20 филм нақш офаридааст. Аз овони хурдӣ орзу дошт халабон мешавад, вале ба факултаи ҳунармандӣ дохил шуду онро хатм кард.

Дар синни 50-солагӣ дар шоҳроҳи Минск-Киев Леонид Биков савори мошини “Волга” хост аз трактори пешорӯи худ гузарад, вале баногаҳ ба мошини боркаше бархӯрд, ки рӯбарӯяш меомад. Тафтишот марҳум Биковро гунаҳгор донист ва ронандаи мошини боркашро аз ҷавобгарӣ озод кард. 

 

Валерий Харламов, шинохтатарин хокейбози Шӯравӣ ва қаҳрамони дукаратаи бозиҳои олимпӣ, қаҳрамони ҳашткаратаи олам.  Соли 1976 ӯ низ мисли Биков ҳангоми ҳаракат бо мошини худ хост мошини боркашро гузарад. Дар ин бархӯрди шадид захмҳои зиёд бардошт. Ҳамагон мегуфтанд, ки  бо ҳамин шуҳрати варзишии Харламов ба поён расид. Вале иштибоҳ карда буданд. Чор сол баъд вай ба бозӣ баргашт.

 Аммо сарнавишти ӯ анҷоми фоҷеавӣ дошт. 27-уми августи соли 1981 Валерий, Ирина ва бародарзодааш Сергей Иванов аз бӯстонсаро ба шаҳр бармегаштанд. Мошини “Волга”-и шахсии онҳоро Ирина идора мекард ва ӯ дар роҳи лағжонаки баъди борон аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва банохост ба роҳи муқобил баромад ва бо мошини боркаши “ЗИЛ” ӣархӯрд.  Бар асари ин садама ҳамаи мусофирони мошини “Волга” ҳалок шуданд.  Аз Ирина ва Валерий ду фарзанд боқӣ монданд: як духтар ва як писар. Замони фоҷеа Валерий Харламов – ин устураи хокейи Шӯравӣ ҳамагӣ 33 сол дошт.

Тими Иттиҳоди Шӯравӣ натавонист дар маросими гӯручӯби варзишкори маъруф ширкат кунад, чун дар Виннипег барои Ҷоми Канада талош мекард ва тасмим гирифт ба ҳар роҳе набошад, дар ин бозӣ пирӯз ояд. Ва чунин ҳам шуд. Дар бозии ниҳоӣ тими Канадаро ба ҳисоби 8:1 мағлуб намуд. 

 

Грейс Келли, ҳунарманди машҳури амрикоӣ, модел, дорандаи ҷоизаи “Оскар” барои филми “Духтари деҳотӣ” (соли 1954). Ӯро яке аз беҳтарин бозигарони нақши зан дар ҳама таърихи синамои Амрико ва олам меноманд. Дар киноҷашнвораи Канн дар соли 1955 бо шоҳзодаи Монако Ренйеи III вохӯрд ва соле баъд ба шавҳар баромад ва маликаи он кишвар ва соҳиби унвони салтанатии Малика Грейс шуд. Бо ин издивоҷ вай нақшофаринӣ дар филмҳоро канор гузошт. Ӯ модари шоҳзода Алберти II буд. 

Бар асари сактаи қалб дар синни 52-солагӣ, 14 сентябри соли 1982 натавонист мошини Rover P6-ро, ки ронандагӣ мекард, идора намояд. Ва дар роҳи кӯҳии Фаронса, дар наздикии шоҳзоданишини Монако ба ҳалокат расид. Мошин аз нишебӣ сарозер рафт.

Грейс Келли дар бемористон ҳанӯз баъди зарбаи шадид ба худ наомада тарки олам кард. Баъди чанд сол ин бемористон беморхонаи марказии шоҳдухт Грейс номида шуд.

Соли 2014 филме аз рӯзгори малика Грейс таҳия шуд, ки нақши ӯро барандаи ҷоизаи “Оскар” Никол Кидман бозӣ мекард.

 

Виктор Тсой,  мусиқидони рок, овозхон ва рассоми шӯравӣ. Муассис ва роҳбари гурӯҳи роки «Кино», ки дар он овозхонӣ мекард, гитара менавохт ва таронасаро буд.  Мусиқии аксари таронаҳои худро худи ӯ навиштааст ва миёни ҳаводрони мусиқии рок шуҳрати беандоза дошт. Марги ӯ фоҷеаи азизме барои мухлисонаш буд. Имрӯз ҳам таронаҳои ӯ пурбинандаву сершунавандаанд.

15-уми августи соли 1990 дар синни 28-солагӣ дар роҳи мошингарди Слока-Талси, воқеъ дар Латвия Виктор Тсойро ҳангоми мошинронӣ хоб ғалаба кард ва мошини “Москвич 2141”, ки ӯ идора мекард, ба автобуси тамғаи “Икарус”  бархӯрд.

Охирин маҷмӯъи таронаҳо ӯро навозандагони дастаи ҳунарии Игор бо номи “Албоми сиёҳ” баъди  марги ӯ нашр карданд. 

 

Малика Диано. Бо гузашти 24 сол аз марги фоҷеабори маликаи Британияи Кабир Диано ҳамоно ҷузъиёти он мушаххасан маълум нест. Ахиран вакили мудофиаи рафиқи Диано Додӣ ал-Файёд китоберо дар Британияи Кабир интишор дод, ки саҳфаҳои торики ин фоҷеаро рушан мекунад. Хулосаи вакили мудофиа он аст, ки марги Диано ҳаргиз ҳодисаи тасодуфӣ набуд. Он метавонад як нақшаи қаблан тарҳрезишуда бошад. Адвокат Майкл Мэнсфилди 67-сола дар ҷаласаҳои додгоҳи олии Лондон аз манофеи Муҳаммад-ал-Файёд ҳимоя мекард ва бар ин назар аст, ки дар рафти мурофиаи судӣ бисёре аз ҷузъиёти ин фоҷеа нокушода монд.

Қазияи куштори малика Диано аз ҷумлаи муаммоҳои беш аз ду даҳсолаи охир аст. То ба ин дам тафтишот наметавонад ба парванда нуқта гузорад ва додгоҳ ҳукмеро содир намекунад. Сабаб нокифоя будани далоили ғуншуда ва мураккабии таҳлили омилҳои фоҷеа мебошад.  Таҳлили рўйдодҳои умри кўтоҳи малика Диано нишон медиҳад, ки бештар аз дигарон матбуоти Британияи Кабир бо дахолати ҷову ноҷои худ, сабабгори дилсардиҳо миёни зану шавҳар Диано ва вориси тахту тоҷ шоҳзода Чарлз шудаанд.

Мухтасари зиндагиномаи малика Диано ин аст:

Диано Фрэнсис Спенсер 1 июли соли 1961 дар хонаводаи граф Спенсер ба дунё омадааст. 29 июли осли 1981 баъди расидан ба синни 20 – солагӣ ба вориси тахти Британия шоҳзода Чарлз ба шавҳар баромад.

21 июни 1982 фарзанди аввалини онҳо шоҳзода Уилям Артур Филипп Луис ба дунё омад. 15 сентябри соли 1984 бошад писари дуввум дар ин хонадон қадам ба арсаи ҳастӣ гузошт, ки шоҳзода Генри Чарлз Алберт Дэвид номгузорӣ шуд.

15 июни соли 1992 китоби Эндрю Мортон "Диано: ҳақиқати таърихӣ» интишор ёфт, ки як бахши он дар бораи ишқварзии шоҳзода Чарлз бо бону Камилла Паркер Боулз қисса мекард. Баъди фош гардидани ин асрор Диано кўшиш ба худкушӣ мекунад.

25 августи соли 1992 года рўзномаи "Сан" матни гуфтугўи телефониеро аз моҳи декабри соли 1989 интишор медиҳад, ки Диано бо марде сўҳбат дорад. Шахсияти мард номаълум аст, вале тахминҳо дар мавриди хиёнати малика ба шавҳараш рӯ мезананд. 

9 декабри соли 1992 сарвазири вақти Британия Ҷон Мэйджор дар Парламон эълон мекунад, ки Диано ва Чарлз дар алоҳидагӣ ҳаёт ба сар мебаранд, вале тасмим надоранд аз ҳам ҷудо шаванд.  12 январи соли 1993 боз ҳамон рўзномаи  "Сан" матни гуфтугўи телефонии шоҳзода Чарлзро бо хонум Камилла Паркер Боулз чоп мекунад. Ин гуфтугў тақрибан моҳи декабри соли 1989 сабт шудааст.

29 июни соли 1994 шоҳзода Чарлз эътироф мекунад, ки ба занаш баъди барҳам хўрдани ҳаёти оилавӣ хиёнат карда буд.

3 октябри соли 1994 китоби Энн Пастернак "Муҳаббати Малика" интишор меёбад, ки муаллиф мегўяд Диано муддати панҷ сол бо муаллими аспдавонӣ Хюит ишқварзӣ мекард.

Августи соли 1995 дар васоити ахбори Британия хабар дар мавриди алоқаҳои шаҳвонии Диано бо ситораи регбӣ Уилл Карлинг интишор ёфт. Дар хонаводаи ситораи регбӣ моҷаро оғоз мегардад ва ин боис мешавад, ки 29 сентябр Уилл Карлинг аз занаш ҷудо шавад. 

Декабри соли 1995 шоҳзода  Чарлз номаи Маликаи Британия Елизаветаи Дуюмро дар мавриди даъват ба ҷудоӣ аз Диано дарёфт мекунад.

28 феврали соли1996 Диано ба ҷудоӣ розӣ мешавад.

28 августи осли 1996 қарори додгоҳ дар мавриди талоқ миёни шоҳзода Чарлз ва Диано содир мегардад.

31 августи соли 1997 Диано якҷо бо дўсташ  Доди Файед ва ронандаи онҳо бар асари як садамаи марговар ба ҳалокат мерасад.

Михаил Евдокимов. Ҳунарманди хизматнишондодаи ФР ва яке аз сарояндагону иҷрогарони таронаву саҳнаҳои ҳаҷвӣ буд. Баъдҳо чун як ҳунарманди мумтоз дар чандин филмҳо нақш офарид, панҷ албоми таронаҳояшро ҳам нашр кард. Дар интихоботи губернаторон дар кишвари Олтой баранда шуд, вале дар ин симмат ҳамагӣ 1,5 сол кор кард. 

7-уми августи соли 2005 дар синни 47-солагӣ мошини ӯ Mercedes-Benz, ки аз ҷониби ронанда идора мешуд ва ӯву ҳамсараш ва муҳофизаш дар он нишаста буданд, бо суръати хеле баланд ҳаракат дошт ва ҳангоме, ки бо ҳамин суръат (ҳудудан 200 км дар як соат) мошини “Волга”-ро гузашт ва ҳанӯз ба роҳи худ рост нашуда, ба мошини Toyota Marino бархӯрд. Дар ин садамаи мудҳиш танҳо ҳамсари ӯ бо ҷароҳатҳои хеле вазнин зинда монд, боқӣ дигарон ба ҳалокат расиданд. 

 

Геннадий Бачинский, барандаи машҳури барномаҳои радио дар Русия, ки дуэти ӯву Сергей Стиллавин хеле машҳур буд ва маҳз хидматҳои Бачинскийро дар ин дуэт арзишманд медонанд.

12-уми январи соли 2008, ки 36 сол дошт, савори мошини Volkswagen Golf дар роҳи Калязин-Сергиев-Посади вилояти Твер дар ҳоли ҳаракат буд. Ва мошини ӯ ба мошини VW Transporter, ки аз тарафи муқобил меомад, бархӯрд. Яке аз мусофирони “Фолксваген” Юлия Меркулова бо ҷароҳатҳои сахт бистарӣ шуд, вале ӯ низ баъдан фавтид. 

 

Юрий Степанов. Ҳунарманди театр ва синамои Русия, яке аз иҷрогарони нақши асосӣ дар сериёли машҳури “Баталони ҷаримавӣ” ва “Шаҳрванд сардор”. Дар бештар аз 50 филм нақшҳои хотирмон бозидааст.  

3-уми марти соли 2010 42-сола буд, ки савори таксӣ аз кор бармегашт. Аз қазо таксии ВАЗ-2104-ро аз ақиб мошини тамғаи “Мазда”, ки бо суръати баланд меомад, зад. Дар ҳамин ҳол ронандаи такси мошинро ба самти дигар ҳаракат дод ва ба як  ВАЗ-2112, ки аз тарафи муқобил меомад бархӯрд. Зарба ба ҳамон даре расид, ки Степанов менишаст. Ӯ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд. Мусофирони дигар аслан зарар надиданд. Моҳе пас писари сеюми ӯ ба дунё омад ва модар ба поси хотири падари ҷавонмарг ӯро Юрий номид.

 

 

Марина Голуб. Ҳунарманди театр ва синамои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия. Фаъолияти ҳунарии худро аз театри мазҳакаи Аркадий Райкин оғоз кард, баъдан дар театри “Шалом” ва аз соли 2002 ба театри ба номи Чехов кор кард. Дар чандин сериёлҳои телевизионӣ нақшҳои хотиромони дуюмдараҷаро мебозид. 

9-уми октябри соли 2012 савори такси аз намоиши “Муҳаррики маргбор” бармегашт ва мошини онҳо дучори садама шуд. Марина ва ронанда дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуданд. Гунаҳгори асосии ин садама Алексей Русаков аз ҷойи фоҷеа фирор кард. Аммо баъдтар боздошт ва ба муҳлати 6,6 сол аз озодӣ маҳрум гардид. 

Дар замони фоҷеа Мария Голуб ҳамагӣ 54 сол дошт. 

барчасп: