Вазъи сироят ба коронавирус дар кишвар ва хориҷ аз он

Шумори мубталоён ба коронавирус дар олам ба  236 миллиону 020 ҳазору  305 нафар расидааст. Зарфи як шабонарӯзи гузашта боз 421 170 нафар ба ин ҷамъ пайвастаанд. Аз марги 4 миллиону 838 ҳазору 850 нафар аз аввали ҳамагирӣ хабар дода мешавад. Зарфи 24 соати гузашта боз 7605 нафар фавтиданд.  Шумори муолиҷашудагон 214 миллиону 157 ҳазору 686 нафар гуфта шудааст.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сардиҳо ва борону барфи рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз пагоҳ, 8-уми октябр то 11 октябри соли 2021 дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст, дар баъзе ноҳияҳо шамол дар як сония аз 7 то 12 метр хоҳад вазид. Дар водиҳо борон ва дар баландкӯҳҳо (баландтар аз 3000 м) борон ба тадриҷ ба барфи тар мубаддал мешавад.

COVID-19: Тақсими 6 миллиарду 318 миллиону 258 ҳазору 278 доза вакисина дар олам

Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз шумори гирифторон ба коронавирус дар  саросари оламро субҳи имрӯз  236 миллиону 536 ҳазору 927 нафар эълон кард. Аз аввали ҳамагирӣ аз COVID-19 4 миллиону 830 ҳазору 139 нафар ҷон бохтаанд. ИМА, Ҳинд ва Бразилия ҳамоно аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки бештар аз 20 миллион сироятшуда ба COVID-19 доранд. Теъдоди олудагон ба ин вирус дар ИМА 44 миллиону 768 ҳазору 773 ва...

Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Раёсати Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади арҷгузорӣ, эҳтироми забони модарӣ, дар сатҳи зарурӣ истиқбол гирифтани Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Муовини сардори Раёсат оиди корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ...

Оқибатҳои таъсири антропогенӣ ба системаи экологии Замин

Таъсири фаъолияти хоҷагии одам ба таби­ати зиндаи Замин дар садаи XX миқёси васеъро фаро гирифт ва боиси нестшавии бисёр намудҳои организмҳо гардид. Ба ҳар чаҳор намуди ширхӯрҳо ва ҳар ҳашт намуди паран­даҳо хатари нестшавӣ таҳдид мекунад. Дар давоми се садсолаи охир ба дасти одам нест шудани беш аз 400 намуди рустаниҳо дақиқ маълум аст. Ин раванд, шояд, ба на камтар аз 10 ҳазор намуди ҳайвоноти муҳрадор дахл дошта бошад.

Страницы