Паёми шодбошии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 32-солагии истиқлоли давлатӣ
Чоп шуд: 08/09/2023 | admin
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо ва ҳамдиёрони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сиюдусолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Ин рӯйдоди бузург дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик ва сарнавишти мардуми мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба шарофати он мо соҳиби давлати соҳибихтиёр гардидем.