23 апрели соли 2024 соати 15:43 дақиқаи вақти маҳаллӣ бар асари боронҳои пуршиддат дар маҳаллаи ба номи Ибод Файзуллоеви шаҳри Исфара сел омад.
Дар натиҷа ба таҳхонаи 15 хонаи истиқоматӣ об ворид шуда, 3750 метр роҳро сел бо лойю сангу рег пур кард.
Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад ва ҳаҷми зарари расида муайян карда мешавад.
Дар ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.