Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Хатари омадани сел ва резиши санг боқӣ мемонад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!
Чоп шуд: 03/11/2022 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 4-5-уми ноябри соли 2022 дар қаламрави ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвзи ВМКБ боронҳои шадид дар назар дошта шудааст. Ин боронҳо дар баъзе ҳолатҳо ба барфи тар табдил мешаванд.