Дидор бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон
Чоп шуд: 27/02/2024 | redaktor
27 феврали соли 2024 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода Сафири навтаъини Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Йорк Шуграфро ба ҳузур пазируфт.
Дармулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, инчунин имкони оғози лоиҳаҳои муштарак, омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисонро баррасӣ намуданд.