Заминларзаи субҳи имрӯз. Бе талофоти ҷонӣ ва хисороти дигар
Чоп шуд: 18/03/2024 | redaktor
Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 18 марти соли равон соати 07:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Ба маълумоти манбаъ маркази заминларза 148 километр ҷанубу шарқи Душанбе ва 66 километр ҷанубу шарқи ноҳияи Рашт буд.