Эълони ҷойи кор дар Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон барои довталабон ба вазифаҳои холӣ дар Раёсат озмун эълон мекунад.

Талаботҳои тахассусӣ

  • таҳсилоти олӣ (педагогӣ) 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Ҳуҷатҳо барои озмун:

            - Ариза ба унвони сардори Раёсат;

            - Варақаи шахсӣ баҳисобгирии кадрӣ бо чор дона акси андозааш 3х4 ва 1 дона акси андозаи 9х12;

            - Тарҷумаи ҳол (хаттӣ ва чопӣ);

            - Нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

            - Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надорад);

            - Маълумотнома дар бораи вазъи саломатии (шакли №038);

            - Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

            - Маълумотнома аз ВКД оид надоштани доғи судӣ;

            - Нусхаи шиноснома;

            - Нусхаи АСИН (Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа);

            - Маълумотнома аз ҷойи зист ва ҳайати оила.

р/т

Номгӯи шаҳру ноҳияҳо

Вазифа

Музди меҳнат

1.

Шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар шаҳри Норак

Сармутахассис (оид ба чорабиниҳои ҲФ ва МГ)

 (1 воҳиди корӣ)

2279,00

2.

Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон

Сармутахассис (оид ба чорабиниҳои ҲФ ва МГ)

 (1 воҳиди корӣ)

2168,00

3.

Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи  А.Ҷомӣ

Сармутахассис (оид ба чорабиниҳои ҲФ ва МГ)

 (1 воҳиди корӣ)

2168,00

4.

Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи  Шаҳритус

Сармутахассис (оид ба чорабиниҳои ҲФ ва МГ)

 (1 воҳиди корӣ)

2168,00

Суроғаи қабули ҳуҷатҳо

Шаҳри Бохтар кучаи Ваҳдат 178 (рў ба рўи Амонатбонки вилоятӣ)
Телефон барои тамос:  83222-2-75-14
Бахши кадрҳои Раёсат: 88-000-22-40.