Диққат! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда огоҳ мекунад: борону барфи рӯзҳои оянда ва яхбандӣ дар роҳҳои куҳӣ !

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 8-ум то 10-уми декабри соли 2016  обу ҳавои номусоид, аз ҷумла, борони гузаранда ба барфи тар, дар ноҳияҳои ҷудогона шамоли сахт, ки дар як сония то 17-22 метр мевазад, пешбинӣ мешавад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар кишвар

Ниҳодҳои мудофиаи граждании ноҳияи Исмоили Сомонӣ вазифадор шуданд иншоотҳои ҳимоявиро ба зудӣ таъмир кунанд

Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дастур дод, ки дар наздиктарин фурсат ҳамаи камбудиҳои ошкоршуда дар муассисаҳои маорифи кишвар дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ бартараф карда шаванд. Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Аламхон Қурбонов ҷаласаи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда доир шуд ва натиҷаи фаъолияти ниҳод дар 11 моҳи охири соли равонро баррсасӣ кард.

400 хоҷагии муҳоҷири экологӣ дар як сол. Посухи генерал Назарзода ба номаи журналист Фарзона Мирзоева

Ба генерал Рустам Назарзода! Борҳо чун як рӯзноманигор аз оқибатҳои офатҳои табиӣ гузоришҳо таҳия кардаам ва медонам, ки Тоҷикистони мо дар як минтақаи ба офатҳо осебпазир ҷойгир аст. Бахусус, дар навоҳии куҳистон одамон бештар зарар мебинанд, хонаҳо зуд вайрон мешаванд ва мардум бесарпаноҳ мемонанд. Аммо вақте оқибатҳо бартараф мешаванд, мебинем, ки онҳо боз ҳам дар ҳамон макони офатзада хона месозанд. Дар ҳоле медонанд, ки ин обхезӣ ё ярч

Наҷоти одамон дар мошини «Opel Vectra», ки ба дарё сарнагун рафта буд

Бар асари роҳандозии амалиёти наҷот ба кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар шуд, ки аз мошини ба дарё рафтаи тамғаи «Opel Vectra» одамонро наҷот диҳанд.  Сокини 27-солаи ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва он ҳангоми ҳаракат ба дарё сарозер шуд.  Танҳо бар асари амали фаврии наҷоти кормандони бахши ҷустуҷӯӣ ва наҷоти Ситоди шаҳри Душанбе, ки зуд ба ҷойи ҳодиса расиданд, аз марги ронанда ва мусофирони он пешгирӣ шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки то 27-уми ноябри соли равон ҳавои сард боқӣ хоҳад монд. Ҳарорати миёнаи ҳаво рӯзона -5—7°С, шабона -10-15°С хоҳад буд. Тибқи иттилои Агентии обуҳавосанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат боридани барф, дар баъзе ҷойҳо бӯрони шадид, ки ҳангоми шамоли сахт бинишро

Страницы