19.09.2017 18:03, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
19 сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 72-юми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғоз Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро дар ин чорабинии сатҳи баланд хайрамақдам гуфта, изҳори умедворӣ намуданд, ки мубоҳисаҳои имрӯза дар тақвият бахшидани кушишҳои муштараки мо ба хотири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” саҳми арзишманд хоҳанд гузошт.
Пешвои миллат қайд намуданд, ки таҷрибаи андӯхтаи мо дар раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015” собит кард, ки ин қабил даҳсолаҳо метавонанд ҷиҳати мусоидат ба татбиқи вазифаю ҳадафҳо дар соҳаи рушд василаи басо судманд бошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки татбиқи ин аҳдофу вазифаҳо танҳо дар сурати вусъат ёфтани ҳамкорӣ ва сафарбар намудани захираҳои зарурӣ – инсонӣ, молиявӣ ва фаннӣ – имконпазир мебошад.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки саъю талошҳо дар чаҳорчӯбаи Созмони Милал ва дигар ташкилоту ниҳодҳо, ки тайи ин давраи чилсола ҷой доштанд, барои вусъатбахшии раванди дастрасӣ ба оби ошомидании бехатар, густариши донишу малака дар соҳаи мудирияти фарогири захираҳои об, тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи об, ташаккули дидгоҳу заминаҳои нав барои баррасии мушкилоти ҷаҳонӣ ва минтақавии марбут ба захираҳои об мусоидат карданд.
Бо вуҷуди ин пешравиҳо Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ пешниҳод намуданд, ки омилҳое, ки майдони ҳамкориҳои минбаъдаро маҳдуд мекунанд, ба инобат гирифта шаванд. Аз назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории самараноки фаромарзӣ метавонад ба мудирият ва истифодаи оқилонаву устувори захираҳои об мусоидат намуда, боиси коҳиши хатари хароҷоти беасос ва таъмини тавозун байни шаклу навъҳои гуногуни истифодаи захираҳои об шавад.
Дар поёни сухани худ Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ба сифати кишвари ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ният дорад, ки ҷиҳати таъмини ҳамоҳангии фаъолият дар татбиқи он Маркази махсусро таъсис диҳад. Ҳамчунин бо мақсади татбиқи Нақшаи миллии амал ҷиҳати мусоидат ба Даҳсолаи байналмилалӣ пешниҳод намуданд, ки дар ин мавзӯъ дар соли 2018 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ даъват карда шавад.
Дар чорабинии мазкур ҳамчунин Раиси Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Мирослав Лайчак, Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ Луи Женмин, Муовини дабири кулл ва директори иҷроияи комиссияи иқтисодии аврупоии Созмони Милали Муттаҳид Олга Алгаёрова, Муовини дабири кулл ва директори иҷроияи Дафтари лоиҳавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба хизматрасонӣ Грет Фаремо, Сарвазири Тувалу Энеле Сосене Сопоага, Сарвазири Маврики Анируд Ҷагнот, Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Айман ас-Сафади, Вазири давлатии Давлати Қатар оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Султон Бин Саад Ал-Мурейхи, Вазири Канада оид ба муҳоҷират, паноҳандагон ва шаҳрвандӣ Аҳмад Ҳусейн, муовини Вазир оид ба рушди устувори Марокко Нежа эл Оуафи, Муовин вазири корҳои хориҷии Эквадор Мария Карола Иникиез, Мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова, Раиси Хазинаи байналмиллалӣ оид ба рушди кишоварзӣ Жилбер Унгбо, Ёвари маъмурии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ҷиҳан Султаноглу, Ёрдамчии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон оид ба масъалаҳои глобалӣ Хидео Сузуки, намояндаи доимии Арабистони Саудӣ дар Созмони Милали Муттаҳид Абдулло ал Муаллимӣ суханронӣ намуда, ташаббусҳои Тоҷикистонро дар мавриди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешоҳанги ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба масъалаи об баҳои баланд доданд.