Заминларзаи шабона, боди сарду шадид
Чоп шуд: 04/05/2017 | admin
Заминларзаи нимишабӣ талафоти ҷониву хисорат надошт, вале аз боди сарду сахт дар Масчо дарахтон ва як хонаи истиқоматӣ осед диданд. 4 –уми майи соли равон соати 01:30 дар қаламрави кишвар замин ларзид. Тибқи иттилои Институти зилзиласанҷии Тоҷикистон маркази он 263 километраи қисмати шимолу шарқии шаҳри Душанбе, 30 километр дуртар аз ноҳияи Лахш буд.